Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳадиси (Хоби рӯзадор ибодат аст) заиф мебошад

Савол

Яке аз хатибон (воизон)-ро шунидам, ки ҳадисеро аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) зикр мекард: (Хоби рӯзадор ибодат аст). Оё ин ҳадис саҳеҳ аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ин ҳадис саҳеҳ нест, аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит нашудааст.

Байҳақӣ дар "Шуабу-л-имон" (3/1437) аз Абдуллоҳ ибни Абуавфо (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Хоби рӯзадор ибодат, сукути ӯ тасбеҳ, дуояш қабул ва (савоби) амалаш дучандон аст».

Байҳақӣ санади ин ҳадисро заиф дониста, гуфтааст: Маъруф ибни Ҳассон (яке аз ровиёни ҳадис) заиф аст ва Сулаймон ибни Амри Нахаӣ аз ӯ заифтар аст. Ироқӣ дар "Тахриҷу эҳёи улуми-д-дин" (1/310) гуфтааст: Сулаймони Нахаӣ яке аз дурӯғгӯён аст. Муновӣ ӯро дар "Файзу-л-қадир" (9293) заиф донистааст. Албанӣ онро дар "Силсилату-л-аҳодиси-з-заифа" (4696) зикр карда, гуфтааст: (Ин ҳадис) заиф аст.

Бар мусулмонон ба таври умум ва бар хатибону воизон махсусан воҷиб аст, ки пеш аз он ки ҳадисро ба расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нисбат диҳанд, таҳқиқу баррасӣ кунанд. Ба паёмбар нисбат додани сухане, ки нагуфтааст, ҷоиз нест. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Дурӯғ бастан бар ман мисли дурӯғ бастан ба дигарон нест. Касе, ки огоҳона бар ман дурӯғ бибандад, пас ҷойгоҳи худро дар оташи дӯзах омода кунад».   Ривояти Бухорӣ (1391) ва Муслим дар "Муқаддимату-с-саҳиҳ"-и худ (4).

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб