Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Суғуртаи ҳаёт

10805

Таърихи нашр : 03-11-2022

Мушоҳидаҳо : 1690

Савол

Оё гирифтани суғуртаи ҳаёт ба хотири таъмини молии хонаводаам пас аз маргам ҷоиз аст? Лутфан ҷавобатонро бо далелҳо баён кунед.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аз Шайх Ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) оиди суғуртаи ҳаёт пурсиданд.

Чунин посух дод:

Суғуртаи ҳаёт ва молҳо ҳаром аст ва ҷоиз нест, зеро дар он ғарар ва рибо вуҷуд дорад. Аллоҳ таъоло ба хотири раҳмат ба уммат ва ҳимояи онон аз чизҳое, ки ба онҳо зарар мерасонад, тамоми муомилаҳои рибавӣ ва муомилаҳое, ки дар он ғарар аст, ҳаром кардааст.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَأَحَلَّ اللهُ الْبَيْعَ وَحَرَّمَ الرِّبَا

سورة البقرة: ٢٧٥

«Аллоҳ хариду фурӯшро ҳалол ва риборо ҳаром кардааст».   (Сураи Бақара: 275).

Ҳадиси саҳеҳе аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омадааст, ки ӯ аз ғарар наҳй кардааст.

(Ғарар: Хариду фурӯши мубҳам ва номаълум).

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

Сарчашма: "Фатово исломия" 3/5