Ҳамду сано барои Аллоҳ.
"Намоз аз қироати Қуръон берун аз намоз беҳтар аст. Имомони донишмандон инро баён намудаанд. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Бар роҳи рост истиқомат варзед. Шумо ҳаргиз наметавонед ҳаққи истиқомат ва пойдорӣ дар динро ба ҷой оваред. Бидонед, ки беҳтарин аъмоли шумо намоз аст. Танҳо мӯъмин ба вузӯ пойбанд аст».
Аммо агар барои шахсе ҳангоми хондани Қуръон дар берун аз намоз таваҷҷӯҳ, тадаббур ва фаҳмиш ҳосил шавад, дар ҳаққи ӯ беҳтар аст, ки кореро анҷом бидиҳад, барояш судманд бошад". Поёни сухан.
"Маҷмуъу фатово"-и Шайхулислом Ибни Таймия (23/62).
Аллоҳ донотар аст.