Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Агар ҳамсояи кофираш бемор шавад, оё метавонад ба аёдаташ биравад ё дар ҷанозааш иштирок бикунад?

109204

Таърихи нашр : 09-11-2024

Мушоҳидаҳо : 1360

Савол

Оё барои мусалмон ҷоиз аст, ки ҳамсояи насронӣ ё кофирашро зиёрат кунад, агар ӯ бемор шавад ва ё дар ҷанозаи ӯ иштирок бикунад, агар ӯ бимирад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

“Аёдат намудани ӯ, агар бемор шавад, ҳеҷ боке надорад, зеро умед ҳаст, ки қалбаш – яъне қалби ин кофир – нарм шуда мусалмон гардад, чуноне ки ин ҳодиса бо як ҷавони яҳудӣ бо паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) рӯй дода буд, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар вақти бемориаш ба аёдати ӯ рафт ва ӯро ба Ислом даъват намуд. Ҷавон ба падараш нигоҳ кард, гуё аз ӯ машварат мехоҳад.

Падараш ба ӯ гуфт: Муҳаммадро итоат кун. Пас ба ҳақ шаҳодат дод (яъне мусалмон шуд) ва баъд мурд. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

«Ҳамду сано бар Аллоҳ, ки ба василаи ман ӯро аз оташи дӯзах наҷот дод».

Аммо иштирок намудан дар ҷанозаи кофир ҷоиз намебошад, зеро иштирок намудан дар ҷанозаи ӯ ба бузургдошти ӯ далолат мекунад ва мардум ба ин амал фирефта мешаванд”. Поёни сухан.

Ҷаноби Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод).
“Ал-Иҷоботу ъало асъилати-л-ҷолиёт” (1/13, 14).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб