Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Сари Ҳусайн дар куҷо дафн карда шудааст?

Савол

Мардуми Миср иддао доранд, ки сари Ҳусайн дар сарзамини онҳо дафн шудааст ва мардуми Ироқ масҷидеро "Машҳади Ҳусайнӣ" меноманд. Ман намедонам то куҷо он дуруст аст. Бино бар саҳеҳтарин дидгоҳи донишмандон, қабри Ҳусайн дар куҷо қарор дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳусайн (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) дар Ироқ, дар моҳи Муҳаррами соли 61-и ҳиҷрӣ кушта шуд. Ҷасади ӯ дар Ироқ ба хок супорида шуд. Аммо дар мавриди ин иддао, ки сари ӯ ба Миср бурда ва дар он ҷо дафн карда шудааст, мо дар ин бора ҳеҷ асосеро намедонем. Ин матлабро баъзе аз донишмандони пажӯҳишгар инкор кардаанд. Инро надонистан ба шумо зарар надорад. Балки барои шумо ва дигар мусулмонон машрӯъ аст, ки розигии Аллоҳ таъолоро барои ӯ ва барои дигар саҳобагони паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) - Аллоҳ аз ҳамаи онон хушнуд бод -  дархост намояд.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.

Сарчашма: Фатово-л-лаҷнату-д-доима (3/70)