Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Хӯрдан аз рӯи миз бо қошуқу чангак ҳеҷ ишколе надорад

112005

Таърихи нашр : 22-01-2023

Мушоҳидаҳо : 1541

Савол

Оё дуруст аст, ки хӯрдан аз рӯи миз (дар утоқи наҳорхӯрӣ) монандӣ ба кофирон аст? Оё истифода бурдани қошуқ ё чангак дар ҳангоми хӯрдан такаббурӣ ва ё монандӣ ба кофирон ҳисобида мешавад?

 

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Хӯрок хӯрдан аз рӯи миз ва амсоли он чи тавре ки зикр гардид, ишколе надорад ва ҳамчунин хӯрок хӯрдан бо чангак, қошуқ ва амсоли инҳо ҳеҷ боке надорад. Дар ин амал монандӣ ба кофирон дида намешавад, зеро ин чизе нест, ки хоси онҳо бошад.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз ... Шайх Абдурраззоқ Афифӣ ... Абдуллоҳ ибни Ғадаён.

"Фатово-л-лаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто" (26/309).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб