Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми касе, ки мақсадаш аз садақаву закот танҳо афзоиши мол аст

112075

Таърихи нашр : 28-11-2024

Мушоҳидаҳо : 980

Савол

Баъзе аз мардумон мегӯянд: Ман закот ё садақаро танҳо ба хотири афзоиши ин мол ва баракат дар он анҷом медиҳам. Шумо (дар ин бора) чӣ мегӯед?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

“Ҳеҷ боке надорад. Аллоҳ таъоло ба ингуна чиз (дар Қуръони карим) ишора кардааст, ки Нуҳ (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба қавми худ мегӯяд:

فَقُلْتُ اسْتَغْفِرُواْ رَبَّكُمْ إِنَّهُ كَانَ غَفَّاراً يُرْسِلِ السَّمَاءَ عَلَيْكُمْ مُدْرَاراً

سورة نوح: ١٠-١١

«Сипас гуфтам: “Аз Парвардигоратон омурзиш бихоҳед, ки ба ростӣ, Ӯ бисёр омурзанда аст, то аз осмон бароятон паёпай борон фиристад».   (Сураи Нуҳ: 10-11).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: «Садақа молро кам намекунад».
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар кас бихоҳад, ки умраш дароз шавад ва ризқаш афзоиш ёбад, пас силаи раҳм бикунад».

Аллоҳ таъоло ин фоидаҳои дунявиро танҳо ба хотири тарғибу ташвиқи мардум қарор додааст. Агар он (фоидаҳову неъматҳо)-ро бихоҳанд, он корҳо (яъне истиғфор, садақа ва силаи раҳм)-ро ба хотири он (яъне ба хотири ба даст овардани неъматҳои дунявӣ) анҷом медиҳанд. Аммо ҳар кас он амалҳоро ба мақсади охират анҷом бидиҳад, ҳам дунё ва ҳам охиратро ба даст меоварад, чунон ки Аллоҳ таъоло мефармояд:

 مَنْ كَانَ يُرِيدُ حَرْثَ الآخِرَةِ نَزِدْ لَهُ فِي حَرْثِهِ

سورة الشورى: ٢٠

«Касе, ки кишти охиратро бихоҳад, дар кишти ӯ (баракат медиҳем ва) меафзоем».   (Сураи Шуро: 20).
Яъне Мо дунёву охиратро ба ӯ медиҳем. Аммо анҷом додани ибодат танҳо ба умеди фоидаҳои дунявӣ, бешак ин камбудӣ дар ният аст, ки сабаби он бузургдошти дунё ва муҳаббати он дар қалби касест, онро анҷом медиҳад”. Поёни сухан.

Ҷаноби Шайх Муҳаммад ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод).
“Лиқооту-л-боби-л-мафтуҳ” (3/505).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб