Панҷшанбе 6 Ҷумода-л-уло 1446 - 7 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми эҳдо кардани қисмате аз ҷигар

112757

Таърихи нашр : 15-11-2022

Мушоҳидаҳо : 1642

Савол

Ман ҷавоне ҳастам, ки мехоҳам қисмате аз ҷигарамро ба модарам эҳдо кунам, ин (амал) чӣ ҳукм дорад? Зеро ӯ аз варами хатарнок ва аз оғози бемории сиррози ҷигар ранҷ мекашад. Пизишкон қарор намуданд, ки ӯ ба пайванди ҷигар ниёз дорад. Агар ин ҷоиз бошад - ман чунин фикр мекунам ва умедворам, ки ин чиз ҷоиз аст - аҷру савоби он чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Аз Аллоҳ таъоло хоҳонем, ки модаратонро шифо диҳад, офият бахшад ва ӯро бар ин имтиҳон собир гардонад ва ҳамчунин аз Ӯ хоҳонем, ки ба шумо ба хотири некӣ ба модаратон ва эҳтимом ба таҳорату намози худ подоши некӯ диҳад.

Дуввум:

Аммо оиди эҳдо кардани қисмате аз ҷигари худ ба модаратон, ин амал бо ду шарт ҷоиз аст:

1. Пеш аз эҳдо кардани он бояд аз тариқи озмоишҳои пизишкӣ собит шавад, ки ин кор ба модаратон фоида дорад.

2. Бо сабаби эҳдо намудани қисмате аз ҷигар ба шумо осебе нарасад.

Мо гумон намекунем, ки эҳдо кардани қисмате аз ҷигар ба масъалаи эҳдо намудани узвҳои бадан, ки дар ин масъала байни донишмандон ихтилофи машҳур аст, дохил мешавад. Балки ин ба масъалае, ки ба раво будани он донишмандон иттифоқ кардаанд, дохил аст, чунки ҷигар баъд аз буридани қисмати эҳдошудаи он рушд намуда, баъд аз камтарин муддат ба ҳадди камоли худ бозмегардад. Ин сухани мутахассисони бузурги соҳаи ҷигар ва пайванди он аст. Аз ин рӯ, эҳдо кардани қисмате аз ҷигар ба эҳдо намудани хун монандӣ дорад, ки донишмандон бар раво будани он иттифоқ кардаанд, зеро хун дар бадан нав мешавад.

Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Барои ҳеҷ кас ҳалол нест, ки чизе аз баданашро эҳдо кунад, на дар зиндагиаш ва на баъд аз маргаш, ба ҷуз як чиз, ки он хун аст. Барои инсон ҷоиз аст, ки хунашро эҳдо кунад, ба шарте ки аз берун кашидани хун осеб набинад ва бемор аз он хун фоида барад.

Фарқи хун аз узвҳои бадан дар он аст, ки ба ҷои хун хуни дигар пайдо мешавад. Ҳангоме ки аз рагҳо хун гирифта шавад, ба ҷояш хуни дигар пайдо мешавад. Дар ин ҳангом, агар аз ӯ хун гирифта шавад, осеб намебинад.

"Аллиқоу-ш-шаҳрӣ" (66 / ҷавоби саволи рақами 12).

Ҷигар низ баъд аз камтарин муддат комилан рушд мекунад, аз ин рӯ, ба эҳдои хун монандӣ дорад.

Оиди ҳукми эҳдои узвҳои бадан, лутфан ба ҷавоби саволи рақами (49711) руҷӯъ кунед.

Аз Аллоҳ таъоло барои шумо, модаратон ва тамоми мусулмонон бахшишу офиятро хоҳонем.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб