Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Иштирок дар идҳои мушрикон ва табрику таҳнияти онҳо ба муносибати он

Савол

Оё дар ҷашни идҳои насрониён иштирок ва табрик кардани онҳо ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Дар идҳои мушрикон, насрониён ва дигарон иштирок кардан ҷоиз нест.

Ибни Қаййим (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Бо иттифоқи донишмандон, ки онон аҳли илму донишанд, барои мусулмонон ҷоиз нест, ки дар идҳои мушрикон иштирок варзанд. Фақеҳон, пайравони чаҳор мазҳаб инро дар китобҳои худ ба таври возеҳ баён кардаанд ... Байҳақӣ бо санади саҳеҳ аз Умар ибни Хаттоб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки ӯ фармудааст: «Ба назди мушрикон дар рӯзи идашон ба калисоҳои онон ворид нашавед, зеро ғазаб бар онҳо нозил мешавад». Инчунин Умар фармудааст: «Аз душманони Аллоҳ дар рӯзи идашон дурӣ ҷӯед». Байҳақӣ бо санади хуб аз Абдуллоҳ ибни Амр ривоят кардааст, ки ӯ гуфтааст: «Ҳар ки аз кишвари аҷам гузаре кунад ва наврӯзу меҳргони онҳоро ҷашн бигирад ва ба онҳо тақлид кунад ва дар ин ҳолат бимирад, дар рӯзи қиёмат бо ҳамроҳии онҳо зинда карда мешавад».   Поёни сухан аз китоби "Аҳкому аҳли-з-зимма" (1/723-724).

Аммо оиди ҳукми табрик кардани онон дар идҳояшон, ҷавоби он пештар дар саволи рақами (947) баён карда шуд. Ба саволдиҳанда тавсия медиҳем, ки ба он руҷӯъ кунад.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид