Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё ба ҳамаи ҳадисҳо бовар кардан мумкин аст?

11443

Таърихи нашр : 01-10-2022

Мушоҳидаҳо : 2115

Савол

Оё ба ҳамаи ҳадисҳо бовар кардан мумкин аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳадисҳои нисбат додашуда ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) баъзеаш саҳеҳ аст, ки дар нисбат додани он ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳеҷ шакку шубҳае вуҷуд надорад ва баъзеи дигар заиф аст, ки дар нисбат додани он ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) шакку шубҳа вуҷуд дорад. Саҳеҳ ва заиф бар донишмандон махфӣ нест. Китобҳои саҳеҳе таълиф карда шудаанд, ки танҳо ҳадисҳои саҳеҳро дар бар мегиранд, аз қабили "Саҳиҳ"-и Бухорӣ ва "Саҳиҳ"-и Муслим ва ҳамчунин баъзе китобҳои дигаре вуҷуд доранд, ки ҳадисҳои саҳеҳ ва ғайри саҳеҳро дар бар мегиранд, ба монанди дигар китобҳои ҳадис. Дар мавриди фарқияти ҳадисҳои саҳеҳ ва ғайри саҳеҳ кӯшишҳои зиёде аз ҷониби донишмандон сурат гирифтааст, ки ин масъала ҳатто аз навомӯзон пӯшида нест, аз боби авло аз мутахассисони илми ҳадис тамоман махфӣ нест.

Сарчашма: Шайх Абдулкарим Ал-Хузайр