Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Зани ҳайзшуда ҳар гоҳ ба эҳром дарояд, чӣ кор мекунад?

Савол

Ҳар гоҳ зан дар ҳангоми адо намудани умра ҳайз шавад, чӣ бояд бикунад? Кадом амалҳоро бояд анҷом бидиҳад ва кадом амалҳоро бояд анҷом надиҳад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар зан ба эҳром дарояд, дар ҳоле ки ӯ дар одати моҳона қарор дорад, ғайр аз тавофи Каъба, тамоми амалҳоеро, ки ҳоҷӣ ё умракунанда анҷом медиҳад, анҷом бидиҳад. Тавофро ба таъхир бияндозад, то ин ки (аз ҳайз) пок шавад.

Шайх Абдулкарим Ал-Хузайр.

Ӯ метавонад Аллоҳро зикр кунад, дуо намояд, талбия бихонад ва амалҳои некро анҷом бидиҳад.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид