Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Кӯтоҳ кардани мӯйи рухсораҳо

1173

Таърихи нашр : 08-09-2024

Мушоҳидаҳо : 1560

Савол

Баъзе мардон дар рухсораҳои худ мӯй доранд. Оё тарошидани он ҷоиз аст ё на?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Мӯйи рухсораҳо дар ҳукми риш аст, аз ин рӯ тарошидани он ва кӯтоҳ кардани он ҷоиз нест, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Мӯйлабҳоро кӯтоҳ кунед ва ришро бигзоред ва бо мушрикон мухолифат кунед».
Муаллифони китоби “Ал-Қомус” ва “Ал-Лисон” аз ҷумлаи шахсоне ҳастанд, ки мӯйҳои рухсораҳоро ҷузъе аз риш медонанд.

Сарчашма: "Фатово-л-лаҷнати-д-доима" 5/144