Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Тақсими мероси марде, ки вафот кард ва дар паси худ ҳамсар, модар, бародар ва хоҳар боқӣ гузошт

11803

Таърихи нашр : 27-10-2024

Мушоҳидаҳо : 2193

Савол

Марде вафот кард ва дар паси худ ҳамсар, бародар, хоҳар ва модар боқӣ гузошт. Чӣ гуна молу мулки ӯ дар байни ин ворисон тақсим карда мешавад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Молу мулки ин мард дар байни ворисони зикргардида ба таври зайл тақсим карда мешавад:

Чоряк (аз чаҳор як ҳиссаи мерос) ба ҳамсар ва шашяк (аз шаш як ҳиссаи мерос) ба модар дода мешавад ва боқимондаи он миёни бародару хоҳар тақсим карда мешавад, ки саҳми писар баробари саҳми ду духтар аст.

Масалан, агар тарака 18 000 бошад:

Чоряки мерос ба ҳамсар дода мешавад, ки ин 4 500 аст.

Шашяки мерос ба модар дода мешавад, ки ин 3 000 аст.

Боқимонда (18 000 – 7 500 = 10 500) ба се ҳисса тақсим карда мешавад:

Аз се як ҳиссаи он ба зан (яъне хоҳар) дода мешавад, ки он 3500 аст.

Аз се ду ҳиссаи он ба мард (яъне бародар) дода мешавад, ки он 7000 аст.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Саъд Ал-Ҳумайд