Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳангоми ҳамбистарӣ чӣ бояд гуфт?

Савол

Саволи ман яке аз саволҳоест, ки ҷавобҳои он гуногун мебошад. Оё мусулмон бояд дар ҳангоми ҳамбистарӣ чизе бигӯяд? Оё мусулмон (зану шавҳар) пеш аз аввалин алоқаи ҷинсӣ бояд намоз бихонанд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аз ҷумлаи одоби шариат ин аст, ки мусулмон ҳангоми ҳамбистарӣ бо ҳамсараш бигӯяд:

 بِاسْمِ اللهِ ، اللَّهُمَّ جَنِّبْنَا الشَّيْطَانَ وَجَنِّبِ الشَّيْطَانَ مَا رَزَقْتَنَا 

"Бисмиллоҳи, Аллоҳумма ҷаннибна-ш-шайтона ва ҷаннибби-ш-шайтона мо разақтано".

(Ба номи Аллоҳ, эй Аллоҳ! Моро аз шайтон дур бидор ва шайтонро аз он чизе, ки насиби мо мекунӣ [яъне фарзанд], дур бидор).   Ривояти Бухорӣ. Китоби "Фатҳу-л-борӣ" шумораи 138.

Яке аз фоидаҳои ин дуо ин аст, ки агар дар натиҷаи ин ҳамбистарӣ барояшон фарзанде шавад, шайтон ба ин фарзанд зарар намерасонад.

Дар мавриди он ки шавҳар пас аз ҷашни арӯсӣ ҳангоме ки ба назди ҳамсараш ворид мешавад, чӣ мегӯяд, мо қаблан ба ин савол ҷавоб дода будем. Лутфан ба саволи рақами (854) руҷӯъ кунед.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид