Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Овезон кардани дуоҳо бар дарҳо ва ҷойҳои дигар

120215

Таърихи нашр : 02-10-2024

Мушоҳидаҳо : 1229

Савол

Баъзе аз мардумон ба мошинҳову дарҳояшон барчасбҳо (стикерҳо) мечаспонанд, дуои сафар, дуои баромадан, дуои нишастан ва дигар дуоҳоеро, ки аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омадааст, мечаспонанд. Ҳукми он чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

“Фикр намекунам, ки ин кор ишколе дошта бошад, зеро ин як ёдраскуниест барои мардум. Бисёр одамон ин дуоҳоро аз ёд накардаанд, бинобар ин агар (ин дуоҳо) дар пеши онҳо навишта шавад, қироат ва хондани онҳо барояшон осон мешавад. Дар ин кор ҳеҷ боке нест, масалан, инсон дар нишастгоҳи худ дуои каффораи маҷлисро бинависад, то ҳозиринро хотиррасон намояд, ки ҳангоми бархостан Аллоҳ таъолоро бо он дуо (яъне дуои каффораи маҷлис) дуо кунанд. Ҳамчунин барчасбҳои хурде, ки дар мошинҳо дар рӯбарӯи мусофирон часпонида шудаанд, аз қабили дуои савор шудан ва мусофират, ин амал ҳеҷ боке надорад”.

Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод). Ниг: “Фатово нурун ала-д-дарб”-и Шайх Ибни Усаймин (саҳ 42).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб