Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми дуо кардан бо (забони дигар) ғайри арабӣ

121678

Таърихи нашр : 28-10-2022

Мушоҳидаҳо : 1676

Савол

Оё дуо кардан бо забони англисӣ барои ӯ ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Барои инсон ҷоиз аст, ки бо забоне, ки медонад, арабӣ, англисӣ, урду ва ё дигар забонҳо Аллоҳ таъолоро дуо кунад, зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:

لَا يُكَلِّفُ اللهُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا

سورة البقرة: ٢٨٦

«Аллоҳ ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тоқаташ мукаллаф (ӯҳдадор) намесозад».   (Сураи Бақара: 286).

Ҳамчунин Аллоҳ таъоло фармудааст:

فَاتَّقُوا اللهَ مَا اسْتَطَعْتُمْ

سورة التغابن: ١٦

«Пас, он қадар ки тавонед, аз Аллоҳ битарсед».   (Сураи Тағобун: 16).

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз, Шайх Абдурраззоқ Афифӣ, Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён.

"Фатово-л-лаҷнату-д-доима" (7/113).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб