Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Шартҳои эътикоф

Савол

Шартҳои эътикоф чӣ гунаанд ва оё рӯза яке аз шартҳои он аст? Оё барои муътакиф (эътикофнишин) ҷоиз аст, ки бемореро аёдат намояд, ё даъватро иҷобат кунад, ё ба эҳтиёҷоти оилаашро адо намояд, ё ба ҷанозае иштирок кунад, ё ба кор биравад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Эътикоф дар масҷиде, ки дар он намози ҷамоат баргузор мешавад, машрӯъ аст. Агар эътикофнишин яке аз онҳое бошад, ки ҷумъа барояш воҷиб аст ва мӯҳлати эътикофи ӯ рӯзи ҷумъаро низ дар бар бигирад, пас дар ин ҳолат, беҳтар аст, ки дар масҷиде, ки намози ҷумъа дар он баргузор мешавад, эътикоф бишинад.

Барои эътикоф рӯза доштан шарт нест.

Суннат ин аст, ки эътикофнишин дар ҳангоми эътикофаш бемореро зиёрат нанамояд, даъватеро напазирад, ҳоҷатҳои хонаводаашро набарорад, ба ҷанозае иштирок накунад ва ба кору фаъолияти худ ба беруни масҷид наравад. Зеро аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) собит шудааст, ки мегӯяд: «Бар эътикофнишин суннат аст, ки бемореро аёдат накунад, ба ҷанозае иштирок наварзад, занеро ламс накунад, бо ӯ ҳамбистарӣ нанамояд ва барои баровардани ниёзе хориҷ нашавад, магар дар ҳолати зарурӣ».   Ривояти Абӯдовуд (2473).

Сарчашма: Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси ва-л-ифто (10/410).