Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Рӯза аз хусусиятҳои ин уммат намебошад

Савол

Оё Рамазон яке аз хусусиятҳои ин уммат аст ва ё дар умматҳои пешин низ вуҷуд дошт?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аллоҳ таъоло мефармояд:

 يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ

 (سورة البقرة: ١٨٣).

«Эй касоне, имон овардаед, рӯза бар шумо фарз шуд, чунон ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, фарз шуда буд, то парҳезгор шавед».   (Сураи Бақара: 183).

Ин ояти карима далолат мекунад, ки рӯза ибодати қадимиест, ки бар умматоне, ки пеш аз мо буданд, фарз шуда буд, чуноне ки бар мо фарз шудааст. Вале ба онҳо дастур шуда буд, ки дар моҳи Рамазон рӯза бигиранд ва ё дар вақти дигар? Дар ин бора ягон нассеро аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) намедонам. Поёни сухан.

"Маҷмуъу фатово"-и Шайх Ибни Боз (7/15).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб