Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Қироат намудан аз рӯи мусҳаф дар қиёми Рамазон ҳеҷ боке надорад, зеро ба сабаби ин, ба муқтадиён тамоми Қуръонро мешунавонад. Ҳамчунин далелҳои шаръӣ, аз Қуръону суннат бар машрӯияти қироат намудани Қуръон дар намоз далолат мекунад. Он далелҳо қироат намудани Қуръонро хоҳ аз рӯи мусҳаф бошад ва ё аз ҳифз дарбар мегирад. Аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) собит шудааст, ки ӯ ба ғуломи озодкардаи худ Заквон дастур дод, ки дар қиёми Рамазон ба ӯ имоматӣ кунад ва ӯ аз мусҳаф қироат мекард. Бухорӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ин ривоятро дар "Саҳиҳ"-и худ ба таври муъаллақу маҷзум зикр кардааст.