Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё зани насронӣ бояд ба фарзанди худ аз дӯсти мусулмонаш номи исломӣ гузорад?

12617

Таърихи нашр : 28-09-2020

Мушоҳидаҳо : 1564

Савол

Агар фарзандам мусулмон мешуда бошад, бояд номи исломӣ дошта бошад, ё мумкин аст, ки номи ғарбӣ дошта бошад? Зеро ман ҳанӯз мусулмон нестам. Аммо дӯстписари ман мусулмон аст. Намехоҳам, ки беадаб ба назар бирасам, вале ман бисёре аз номҳои исломиро дӯст намедорам.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Дӯсти мусулмонат набояд дӯстдухтар дошта бошад. Агар ӯ мехоҳад, ки бо ту издивоҷ кунад, ҳеҷ боке нест, ҳатто агар мусулмон ҳам набошӣ, вале ба шарте ки ту аз аҳли китоб, яъне насронӣ ё яҳудӣ бошӣ. Аз Аллоҳ пурсонем, ки туро ба Ислом ҳидоят намояд ва туро бар пазируфтани он муваффақ созад. Ту хушбахтиву саодатмандиро меёбӣ ва зиндагиат ба самти беҳтар тағйир меёбад, иншоаллоҳ (агар Аллоҳ хоҳад).

Дуввум:

Барои писарат шарт нест, ки номи исломӣ дошта бошад, гарчи афзалтар аст. Аммо набояд номи зишт ё номи махсуси кофирон бошад, ки танҳо ба онҳо ишора кунад, мисли Абдулмасеҳ (бандаи Масеҳ).

Барои мо, ном аҳмияти бузурге дорад.

Ибни Қаййим – яке аз бузургтарин донишмандони мусамонон гуфтааст:

Азбаски номҳо дорои маъноҳо ҳастанд, мантиқист, ки бояд байни ном ва маънo алоқаи муносибе бошад ва маъно набояд комилан бегона бошад, ки бо ном иртиботе надошта бошад. Зеро ҳикмати Аллоҳи Ҳаким онро рад мекунад ва воқеият бар акси он шаҳодат медиҳад. Балки номҳо ба чизҳои ном ниҳода шуда таъсир доранд ва чизҳои ном ниҳода шуда аз номҳои худ, дар хубию зиштӣ, сабукию вазнинӣ, нармию сахтӣ таъсир мегиранд. Чуноне, ки мегӯянд:

Хеле кам чашмонат соҳиби лақабро мебинад, магар ин ки агар дар лақаби ӯ андеша намоӣ, маънои онро меёбӣ.

"Зоду-л-маъод" (2/336)

Модоме, ки фарзандат мусулмон ва инчунин ту низ мешавед, иншоаллоҳ (агар Аллоҳ хоҳад), хоҳиш менамоем, ки дар масхара қарор гирифтани ӯ сабабгор машав, ё ин ки ба хотири доштани номе, ки аз номи дигар мусулмонон мутафовит аст, мавриди масхара қарор нагирад.

Азбаски кӯдак ҳанӯз таваллуд нашудааст, шумо имконият доред, ки ба ӯ номи нек интихоб намоед, зеро иваз кардани он баъди бузург шуданаш, барои шумо ва ҳам барои ӯ шояд душворӣ кунад.          

Саввум:

Шумо метавонед номҳои неку хуберо барои писарону духтарон аз китоби Шайх Бакр Абузайд бо номи "Тасмияту-л-мавлуд" интихоб намоед.

Лутфан ба саволи рақами (7180) нигаред.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб

Мавзӯҳои алоқаманд