Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Мехоҳад ба падари вафоткардааш манфиат расонад

Савол

Молеро аз номи падари вафоткардаам пардохт кардам. Мехоҳам ба падари вафоткардаам манфиате бирасонам. Оё ба истиснои хӯрок додан дар Рамазон, боз ягон амали дигаре вуҷуд дорад, ки онро анҷом диҳам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бо иҷмоъи мусулмонон садақа аз номи маййит (ҷоиз аст ва) ба ӯ манфиат мерасонад ва савоби он ба ӯ мерасад.

Муслим (1630) аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки марде ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: Падарам вафот кард ва моле гузошт, вале васият накард. Оё агар аз номи ӯ садақа намоям, гуноҳҳояшро нобуд месозад? Фармуд: Бале.

Муслим (1004) аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки марде ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: Модарам бо марги ногаҳонӣ вафот кард. Гумон мекунам, ки агар тавоноии сухан гуфтан медошт, садақа медод, агар аз ҷониби модарам садақаи диҳам, оё броям аҷре ҳаст? Фармуд: Бале.

Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Дар ин ҳадис баён шудааст, ки аз номи маййит садақа додан ҷоиз ва мустаҳаб аст ва савоби он ба ӯ мерасад ва он ба маййит ва ҳам ба шахси садақакунанда манфиат мерасонад. Бар ин, мусулмонон иҷмоъ намудаанд. Поёни сухан.

Хӯрок додан аз беҳтарин корҳои некест, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бар он, хусусан ифтор додани рӯзадорон тарғибу ташвиқ намудааст.

Ҳамчунин аз ҷумлаи беҳтарин чизҳое, ки бо он ба падари худ манфиат ва некӯӣ карда метавонӣ, ин дуо аст. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

"Вақте ки инсон бимирад, савоби амалҳояш қатъ мешаванд, ба истиснои се амал, садақаи ҷорӣ, ё илме, ки аз он баҳра бурда шавад, ё фарзанди неке, ки барояш дуо кунад".   Ривояти Муслим (1631).

Аз ин хотир, бояд дар намозҳо ва ғайри он зиёд дуо намоӣ, ки Аллоҳ гуноҳони ӯро мағфират намояд ва ӯро вориди биҳишт гардонад ва аз дӯзах наҷот бидиҳад.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб