Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳадиси «Барои бародарат ҳафтод узр биҷӯ» то чӣ андоза саҳеҳ аст?

128159

Таърихи нашр : 29-12-2023

Мушоҳидаҳо : 790

Савол

Ҳадиси «Барои бародарат ҳафтод узр биҷӯ» то чӣ андоза саҳеҳ аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ягон асосеро барои ин ҳадис намедонам. Барои мӯъмин машрӯъ аст, ки ҳар гоҳ бародараш ба ӯ узре оварад, ба он эҳтиром гузорад ва агар имкон бошад, узрашро бипазирад ва ба қадри имкон ба ӯ гумони нек бикунад, то дилҳо аз буғзу кина солим бимонанд, калимаи онон ҷамъ бошад ва бар хайру некӣ ҳамкорӣ дошта бошанд.
Аз Умар (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки мефармояд: «Нисбат ба сухане, ки аз даҳони бародарат баромадааст, бадгумон мабош, дар ҳоле, ки барои он тафсири хубе меёбӣ».

Поёни сухан.

"Маҷмуъу фатово"-и Ибни Боз (26/365).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб