Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Иддаои фазилату хусусиятҳои махсус барои рӯзҳои муайян бидуни далели шаръӣ ҷоиз намебошад

Савол

Рӯзҳои сездаҳум, бисту якум, бисту дувум ва бисту ҳафтуми моҳи Раҷаб чӣ аҳамияте доранд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ягон фазилате, ки махсуси ин рӯзҳо бошад, мутлақан вуҷуд надорад. Аммо рӯзҳои моҳи Раҷаб ба таври куллӣ ва бидуни истисно бузург мебошанд, зеро Раҷаб яке аз моҳҳои ҳаром аст, мисли моҳҳои Зулқаъда, Зулҳиҷҷа ва Муҳаррам.

Аммо рӯзи сездаҳуми ҳар моҳ - на танҳо Раҷаб - яке аз се рӯзҳои айёму-л-бийз аст, ки рӯза гирифтани он мустаҳаб аст. Айёму-л-бийз рӯзҳои сездаҳум, чаҳордаҳум ва понздаҳуми ҳар моҳи ҳиҷрӣ аст.

Бисёре аз бидъаткорон гумон мекунанд, ки баъзе аз рӯзҳо фазилатҳои махсусе доранд ва бидуни ягон далели шаръӣ дар он рӯзҳо ибодатҳои махсусеро анҷом медиҳанд. Амали онҳо мардуд ва қобили қабул нест, зеро онҳо дар дини Аллоҳ чизҳои наверо эҷод кардаанд, ки Аллоҳ ба он иҷоза надодааст. 

Аз Аллоҳ таъоло хоҳонем, ки моро ба пайравии суннат ва дурӣ аз бидъат кӯмак намояд. Дуруди Аллоҳ ба паёмбарамон Муҳаммад бод.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид