Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Падаркалони шавҳар аз ҷумлаи маҳрамҳои ҳамсари ӯ мебошад

133966

Таърихи нашр : 27-10-2021

Мушоҳидаҳо : 1791

Савол

Ман саъю кӯшиш мекунам, ки таълимоти дини ҳанифамон, мисли намозу рӯза ва риояи ҳиҷоб дар назди номаҳрамонро амалӣ намоям, ба ҷуз ин ки ман рӯй ва дастҳоям ва он чизеро, ки одатан дар назди маҳрамҳо намоён мешавад, дар пеши падаркалони шавҳарам мекушоям. Оё ӯ аз ҷумлаи онҳост?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Аллоҳ барои шумо ба хотири эҳтимому таваҷҷӯҳатон нисбат ба дин ва саъю кӯшишатон ба риоя намудани амалҳое, ки Аллоҳ бар шумо воҷиб кардааст, подоши некӯ диҳад. Аммо дар мавриди савол оиди падаркалони шавҳар, бешубҳа ӯ маҳрам аст. Падаркалони шавҳар, падари падараш ва ё падари модараш ҳамаи онон маҳрам мебошанд. Ҳеҷ ишколе надорад, ки рӯй ва дастон ва монанди онро дар пеши ӯ кушоед. Ин амал ҳеҷ боке надорад. Ӯ мисли дигар маҳрамҳо ба монанди бародар ва амаки шумо ва ғайра ба ҳисоб меравад". Поёни сухан.

Шайх Абдулазиз ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод)

"Фатово нурун ала-д-дарб" (3/1549).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб