Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Кадоме беҳтар аст - худро ба даъват бахшидан ва ё ба талаби илм бахшидан?

13485

Таърихи нашр : 03-10-2021

Мушоҳидаҳо : 2193

Савол

Кадоме беҳтар аст - худро ба даъват ба сӯи Аллоҳ таъоло бахшидан ва ё ба талаби илм бахшидан?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Талаби илм беҳтару авлотар аст. Толибилм дар ҳоле ки талаби илм менамояд, метавонад дар ин ҳангом даъват ҳам кунад. Инсон наметавонад бе илм мардумро ба сӯи Аллоҳ даъват намояд. Аллоҳ таъоло мефармояд:

 قُلْ هذِهِ سَبِيلِي أَدْعُو إِلَى اللهِ عَلَىٰ بَصِيرَةٍ   

سورة يوسف: ١٠٨

«(Эй паёмбар!) Бигӯ: "Ин роҳи ман аст. Ман бо басират (далелу ҳуҷҷат) ба сӯи Аллоҳ даъват мекунам"».   (Сураи Юсуф: 108).

Чӣ гуна метавон бе илм даъват кард? Ҳеҷ кас ҳаргиз бе илм даъват накардааст. Касе ки бе илм даъват кунад, муваффақ намешавад.

Сарчашма: Аз фатовои Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин, китоби Ал-Илм, саҳифаи (145).