Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Тақдими тӯҳфаҳо ба баъзе занон дар иди Кристмас

Савол

Яке аз одатҳои ғарбӣ дар вақти иди Кристмас ин аст, ки баъзе ғайримусулмонон, хурду калон ҷамъ мешаванд, номҳои худро (ба варақҳое) менависанд, онҳоро ба кулоҳ мегузоранд ва он варақҳоро омехта месозанд, сипас ҳар шахс номи шахси дигареро интихоб мекунад, то ба ӯ дар рӯзи Кристмас тӯҳфае тақдим намояд.
Ин одатро "chris kringle" меноманд.

Баъзе хоҳарон соли гузашта ин одатро қабул карда, ба он амал карданд ва ҳоло мехоҳанд, ки имсол ҳам дар охири ид ин корро анҷом бидиҳанд. Хулосаи ин одат ин аст, ки ҳар як хоҳар ба таври тасодуфӣ хоҳари дигарро интихоб мекунад ва бояд ба ӯ ба арзиши 20 доллари амрикоӣ тӯҳфае бихарад.

Баъзе аз хоҳарон мӯътақиданд, ки ин амал монандӣ ба кофирон аст. Оё ин дуруст аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Он насиҳате, ки баъзе хоҳарон ба шумо кардаанд, ки ин амал ҷоиз нест, дуруст мебошад, зеро ин амал аз ду ҷиҳат монандӣ ба кофирон аст:

Аввал: Таҷлили ин ид аз нигоҳи Шариъат ҳаром аст, аз ҷумла тӯҳфа додан дар ин ид ҳаром мебошад.

Дуввум: Тақлид ба кофирон дар он одатҳо дар рӯзи ҷашнашон ба он иди навоварона.

Дар Ислом ғайр аз Иди Фитр ва Иди Азҳо (Қурбон) дигар иде вуҷуд надорад. Ҳар иди нав эҷодшуда ба ҷуз ин ду ид ҳеҷ арзише надорад, бахусус агар он идҳо ҷашнҳои динии дигар динҳо ё фирқаву тоифаҳои берун аз Ислом бошанд.

Барои аҳамият, лутфан ба ҷавоби саволи рақами (947 ) руҷӯъ кунед.

Ин масъала дари бидъатро мекушояд ва ба маънои умумии сухани зерини паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дохил аст:

 «Ҳар кас дар дини мо чизеро эҷод кунад, ки аз дин набошад, пас он мардуд аст».   Ривояти Бухорӣ (Сулҳ/2499) ва Муслим (1718).

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид