Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Шояд ин ном (Оиша) аст. Оиша номи зебо аст. Ин номи яке аз саҳобазанони бузург аст. Ин ном, номи модари мӯъминон, маҳбубтарин ҳамсари паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мебошад, ки номи ӯ Оиша духтари Абубакри сиддиқ (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) аст. Аллоҳ донотар аст.
Маънои Оиша (عائشة) дар луғати арабӣ, аз феъли оша (عَاشَ) гирифта шудааст. Ал-айш (العَيْش) ба маънои ҳаёт мебошад.
Дар луғати арабӣ гуфта мешавад: "Аошаҳуллоҳу айшата-р-розияҳ" أعَاشَهُ اللهُ عيشَةً رَّاضِيةً яъне, Аллоҳ барояш зиндагии писандидаву хуш насиб гардонад. Ибораи "Раҷулун ойиш" رَجُل عَايِش яъне, марде дар ҳолати хуб қарор дорад. Калимаи "Оиша" бар занон итлоқ ва истифода мешавад. (Яъне шакли муаннас ва занона аст).
Нигар ба "Мухтору-с-сиҳоҳ" Ҷ/1 Саҳ/195 ва "Қомус-л-муҳит" Ҷ/1 Саҳ/773.