Панҷшанбе 20 Ҷумода-л-уло 1446 - 21 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оятҳову ҳадисҳо оиди ҳиҷоб

13998

Таърихи нашр : 18-05-2021

Мушоҳидаҳо : 5617

Савол

Лутфан ба ман оятҳову ҳадисҳоеро дар мавриди аҳамияти ҳиҷоб барои мусулмонзанон зикр кунед.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Оятҳо дар мавриди ҳиҷоб:

  1. Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَقُلْ لِلْمُؤْمِنَاتِ يَغْضُضْنَ مِنْ أَبْصَارِهِنَّ وَيَحْفَظْنَ فُرُوجَهُنَّ وَلا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلا مَا ظَهَرَ مِنْهَا وَلْيَضْرِبْنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَى جُيُوبِهِنَّ وَلا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلا لِبُعُولَتِهِنَّ أَوْ آبَائِهِنَّ أَوْ آبَاءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ أَبْنَائِهِنَّ أَوْ أَبْنَاءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِي إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِي أَخَوَاتِهِنَّ أَوْ نِسَائِهِنَّ أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُهُنَّ أَوِ التَّابِعِينَ غَيْرِ أُولِي الْإِرْبَةِ مِنَ الرِّجَالِ أَوِ الطِّفْلِ الَّذِينَ لَمْ يَظْهَرُوا عَلَى عَوْرَاتِ النِّسَاءِ وَلا يَضْرِبْنَ بِأَرْجُلِهِنَّ لِيُعْلَمَ مَا يُخْفِينَ مِنْ زِينَتِهِنَّ وَتُوبُوا إِلَى اللَّهِ جَمِيعاً أَيُّهَا الْمُؤْمِنُونَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ    النور/31

«Ва ба занони мӯъмин бигӯ, ки чашмони худро бипӯшанд ва шармгоҳи худро нигоҳ доранд ва ороиши худро ошкоро накунанд, магар он чи аз он намоён аст ва бояд ки сарандозҳои худро бар гиребонҳои худ фурӯ гузоранд ва ороиши худро намоён накунанд, магар ба шавҳарони худ, ё падарони худ, ё падарони шавҳарони худ, ё писарони худ, ё писарони шавҳарони худ, ё бародарони худ, ё писарони бародарони худ, ё писарони хоҳарони худ, ё занони (ҳамдини) худ (яъне занони мусулмон), ё ғуломони худ, ё пайравоне аз мардон, ки соҳиби шаҳват набошанд, ё кӯдаконе, ки ҳанӯз бар шармгоҳи занон огоҳ нашудаанд. Ва (ҳангоми роҳ рафтан) заминро ба пои хеш назананд, то он чи аз зинати худ, ки пинҳон кардаанд, дониста шавад. Ва эй мӯъминон, ҳама якҷо ба сӯи Аллоҳ тавба кунед, бошад ки растагор шавед».   (Сураи Нур: 31).

  1. Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَالْقَوَاعِدُ مِنَ النِّسَاءِ اللَّاتِي لا يَرْجُونَ نِكَاحاً فَلَيْسَ عَلَيْهِنَّ جُنَاحٌ أَنْ يَضَعْنَ ثِيَابَهُنَّ غَيْرَ مُتَبَرِّجَاتٍ بِزِينَةٍ وَأَنْ يَسْتَعْفِفْنَ خَيْرٌ لَهُنَّ وَاللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ    النور/60 .

«Ва бар занони калонсоле, ки умеди никоҳ надоранд, гуноҳе нест, ки либосҳои (чодарҳои) худро фурӯ ниҳанд, (ба шарте ки) зинатеро ошкор накунанд ва агар парҳезгорӣ кунанд, барояшон беҳтар аст. Ва Аллоҳ шунавои доно аст».   (Сураи Нур: 60).

Ал-Қавоъид (занони калонсол): Заноне, ки синну солашон рафтаасту, аз ҳайзу бордорӣ ва таваллуди фарзанд бозмондаанд. Сухани Ҳафса бинти Сирин оиди ваҷҳи истидлол бо ин оят дар поён зикр мешавад.

  1. Аллоҳ таъоло фармудааст:

يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ قُلْ لأَزْوَاجِكَ وَبَنَاتِكَ وَنِسَاءِ الْمُؤْمِنِينَ يُدْنِينَ عَلَيْهِنَّ مِنْ جَلابِيبِهِنَّ ذَلِكَ أَدْنَى أَنْ يُعْرَفْنَ فَلا يُؤْذَيْنَ وَكَانَ اللَّهُ غَفُوراً رَحِيماً  الأحزاب/59

«Эй пайғамбар, ба занони худ ва духтарони худ ва занони мӯъминон бигӯ, ки чодарҳои худро бар худ фурӯ гузоранд. Ин ба он наздиктар аст, ки шинохта шаванд ва азият дода нашаванд. Ва Аллоҳ омурзандаи меҳрубон аст».   (Сураи Аҳзоб: 59).  

  1. Аллоҳ таъоло фармудааст:

 يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لا تَدْخُلُوا بُيُوتَ النَّبِيِّ إِلا أَنْ يُؤْذَنَ لَكُمْ إِلَى طَعَامٍ غَيْرَ نَاظِرِينَ إِنَاهُ وَلَكِنْ إِذَا دُعِيتُمْ فَادْخُلُوا فَإِذَا طَعِمْتُمْ فَانْتَشِرُوا وَلا مُسْتَأْنِسِينَ لِحَدِيثٍ إِنَّ ذَلِكُمْ كَانَ يُؤْذِي النَّبِيَّ فَيَسْتَحْيِي مِنْكُمْ وَاللَّهُ لا يَسْتَحْيِي مِنَ الْحَقِّ وَإِذَا سَأَلْتُمُوهُنَّ مَتَاعاً فَاسْأَلوهُنَّ مِنْ وَرَاءِ حِجَابٍ ذَلِكُمْ أَطْهَرُ لِقُلُوبِكُمْ وَقُلُوبِهِنَّ وَمَا كَانَ لَكُمْ أَنْ تُؤْذُوا رَسُولَ اللَّهِ وَلا أَنْ تَنْكِحُوا أَزْوَاجَهُ مِنْ بَعْدِهِ أَبَداً إِنَّ ذَلِكُمْ كَانَ عِنْدَ اللَّهِ عَظِيماً    الأحزاب/53

«Эй мӯъминон, ба хонаҳои пайғамбар дохил нашавед, магар вақте ки барои таоме ба шумо иҷозат дода шавад, бе он ки (барвақт рафта) мунтазири омода шудани таом бошед, вале ҳангоме ки даъват шудед, дохил шавед. Пас, чун таом хӯред, пароканда гардед ва (баъд аз хӯрдани таом) барои гуфтугӯ нанишинед. Ҳамоно, ин (кор) пайғамбарро меранҷонад ва ӯ аз шумо шарм медорад ва Аллоҳ аз ҳақ шарм намедорад. Ва ҳангоме ки аз занони пайғамбар чизе хостед, пас, онро аз паси парда бихоҳед. Ин (кор) барои дилҳои шумо ва дилҳои онҳо покизатар аст. Ва шуморо сазовор нест, ки пайғамбари Аллоҳро биранҷонед ва баъд аз (марги) ӯ ҳамсаронашро ҳаргиз ба занӣ бигиред. Ба дурустӣ ки ин (кор) назди Аллоҳ гуноҳи бузург аст».   (Сураи Аҳзоб: 53).

Ҳадисҳо дар мавриди ҳиҷоб:

  1. Аз Сафия бинти Шайба ривоят аст, ки Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) мегуфт: "Ҳангоме ки ин оят нозил шуд, «ва бояд ки сарандозҳои худро бар гиребонҳои худ фурӯ гузоранд» занони ансор як намуд либоси худро пора карданду, рӯёҳояшонро бо он пӯшиданд".   Ривояти Бухорӣ (4481). Абудовуд (4102) онро лафзи зерин ривоят кардааст:

"Аллоҳ муҳоҷирзанони аввалинро раҳм кунад, ҳангоме ки Аллоҳ ин оятро нозил кард, «ва бояд ки сарандозҳои худро бар гиребонҳои худ фурӯ гузоранд» онҳо як намуд либоси худро пора карданду, рӯйҳояшонро бо он пӯшиданд".

Шайх Муҳаммад Амин Шанқитӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Ин ҳадис сароҳатан далолат мекунад, ки он саҳобазанҳо аз ин оят «ва бояд ки сарандозҳои худро бар гиребонҳои худ фурӯ гузоранд» чунин фаҳмиданд, ки бояд рӯйро пӯшонид ва онон ба фармони Аллоҳ таъоло дар ояти зерин пайравӣ намуда, як намуд либоси худро пора карданду, рӯйҳояшонро бо он пӯшиданд, ки Аллоҳ таъоло фармудааст: «Ва бояд ки сарандозҳои худро бар гиребонҳои худ фурӯ гузоранд». Яъне пӯшидани рӯй. Бинобар ин ҳар шахси боинсоф мефаҳмад, ки ҳиҷоб пӯшидани зан ва рӯи худро аз мардон пӯшидан, дар суннати саҳеҳе, ки китоби Аллоҳ таъолоро тафсир кардааст, собит шудааст. Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) он занонеро, ки барои анҷом додани фармонҳои Аллоҳ шитоб намудаанд, ситоиш кардааст. Маълум аст, ки он занон пӯшидани рӯйҳоро аз ояти зерин фаҳмидаанд, ки Аллоҳ таъоло фармудааст: «Ва бояд ки сарандозҳои худро бар гиребонҳои худ фурӯ гузоранд». Инчунин он занон пӯшидани рӯйҳоро аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фаҳмидаанд, зеро ӯ дар он замон вуҷуд дошт ва онҳо аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳар як чизе, ки барояшон нофаҳмо аст, мепурсиданд.  Аллоҳ таъоло мефармояд: «Ва Мо Қуръонро бар ту нозил кардем, то барои мардум он чиро, ки бар онон нозил шудааст, баён кунӣ». Он занон оятҳои Қуръонро аз назди худашон тафсир намекарданд.

Ибни Ҳаҷар дар китоби "Фатҳу-л-борӣ" гуфтааст: Ривояте аз Ибни Абуҳотим тавассути Абдуллоҳ ибни Усмон ибни Ҳайсам аз Сафия омадааст, ки онро тавзеҳ медиҳад. Лафзи он чунин аст: Мо дар назди Оиша занони Қурайш ва фазилатҳои ононро зикр намудем. Оиша гуфт: Занони Қурайш хубанд, вале қасам ба Аллоҳ, ман аз занони Ансор беҳтарро надидам, ки ба китоби Аллоҳ боварии бештар ва ба ваҳй имони зиёдтар дошта бошад. Сураи Нур нозил шуд: «Ва бояд ки сарандозҳои худро бар гиребонҳои худ фурӯ гузоранд». Баъди нозил шудани ин оят, мардони Ансор ба назди занони худ рафта, ба онҳо оятҳои нозилшударо тиловат карданд. Дар миёни онон ягон зане вуҷуд надошт, магар ин ки як намуд либоси худро гирифт ва худро бо он печонида, намоз хонданд, ки гӯё дар сарҳояшон зоғҳое қарор доранд.

Инчунин дар ривояти Бухорӣ, ки андаке пеш зикр гардид, ба таври возеҳ нақл шудааст, Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод)-ро мебинӣ, ки бо вуҷуди илму фаҳм ва парҳезгории худ, онҳоро ин гуна ситоиш карда мегӯяд, ки ӯ ҳеҷ касеро надидааст, ки ба китоби Аллоҳ боварии бештар аз занони Ансон ва ба ваҳй имони зиёдтар аз онон дошта бошад. Ин далели равшан аст, ки он занон пӯшидани рӯйҳоро аз ояти зерин фаҳмидаанд, ки Аллоҳ таъоло фармудааст: «Ва бояд ки сарандозҳои худро бар гиребонҳои худ фурӯ гузоранд». Ин аз боварии онон ба китоби Аллоҳ ва имони онон ба ваҳй бармеояд. Ба таври равшан баён шудааст, ки ҳиҷоб пӯшидани занон ва рӯи худро аз мардон пӯшидан, ин боварӣ ба китоби Аллоҳ ва имон ба ваҳй мебошад, чуноне ки мебинӣ. Дар ҳақиқат хеле аҷоиб аст, ки баъзе шахсоне, ки худро ба илму дониш нисбат медиҳанд, даъво доранд, ки дар Қуръону суннат (ҳадис) ягон далеле ворид нашудааст, ки бар пӯшидани рӯи зан дар назди мардони бегона далолат кунад. Дар ҳоле, ки саҳобазанон ба фармони Аллоҳ таъоло дар Қуръон пайравӣ намуда ва ба ваҳйи Ӯ имон оварда, ин амалро анҷом медоданд. Маънои ин дар ривоятҳои саҳеҳ собит шудааст, чуноне ки ривояти Бухорӣ дар боло зикр гардид. Ин яке аз далелҳои бузургтарин ва равшантаринест, ки бояд ҳамаи занони мусулмон ҳиҷоб дошта бошанд, чуноне ки мебинӣ.

"Азвоу-л-баён" (6/594-595).

  1. Аз Оиша ривоят аст, ки фармудааст: Ҳамсарони паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) шабонгоҳ барои қазои ҳоҷат ба сӯи "Маносеъ" (маконҳои машҳуре дар тарафи Бақеъ) хориҷ мешуданд. Умар ба паймбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мегуфт, ки (эй расулуллоҳ!) ҳамсаронат дар ҳиҷоб бошанд. Вале расулуллоҳ чунин намекард, то ин ки шабе Савда бинти Замъа ҳамсари паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) берун рафт ва зани қоматбаланде буд. Умар ба ӯ нидо карда, гуфт: Эй Савда! Мо туро шинохтем. Умар ин корро ба умеди ин ки ҳукме барои ҳиҷоб нозил шавад, анҷом дод. Баъд аз он, Аллоҳ ояти ҳиҷобро нозил кард.   Ривояти Бухорӣ (146) ва Муслим (2170).
  2. Аз Ибни Шиҳоб ривоят аст, ки Анас гуфтааст: Ман дар мавзӯи ҳиҷоб огоҳтарини мардум ҳастам. Убай ибни Каъб оиди ин масъала маро мепурсид: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бо Зайнаб бинти Ҷаҳш издивоҷ намуд, ки ӯро дар Мадина издивоҷ карда буд. Пас аз тулӯи офтоб мардумро ба таом даъват кард. Пас аз рафтани мардум, расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нишаст ва чанд марде бо ӯ нишастанд, то он даме ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бархосту, каме роҳ гашт ва ман низ ҳамроҳи ӯ рафтам, то ин ки ба дари ҳуҷраи Оиша расид. Сипас ӯ гумон кард, ки онҳо берун шудаанд, бо ҳамроҳи ӯ баргаштам, ки онҳо то ҳол дар маконашон нишаста буданд, пас расулуллоҳ бозгашт ва ман ҳам дубора ҳамроҳаш бозгаштам, то ин ки ба дари ҳуҷраи Оиша расид ва сипас бозгашт ва ман ҳам дубора ҳамроҳи ӯ бозгаштам, то ин ки ба дари ҳуҷраи Оиша расид. Сипас бозгашт ва ман ҳам ҳамроҳи ӯ бозгаштам, ки он мардон хестаанд. Сипас  расулуллоҳ байни ман ва байни худ пардае зад ва баъди ин ояти ҳиҷоб нозил шуд.   Ривояти Бухорӣ (5149) ва Муслим (1428).
  3. Аз Урва ривоят аст, ки Оиша гуфтааст: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) намози бомдодро мехонд ва баъзе занони мӯъмина низ бо ҳамроҳи ӯ ба намоз ҳозир мешуданд, либосашонро бар худ печида буданд ва сипас ба хонаҳояшон бармегаштанд ва касе онҳоро намешинохт. (Яъне: Ба сабаби ҳиҷобашон ва печонидани сару рӯйи худ бо чодар касе онҳоро намешинохт).   Ривояти Бухорӣ (365) ва Муслим (645).

5. Ва аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки мефармояд: Мо (ҳамсарони паёмбар) ҳамроҳи Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳоли эҳром будем, ки савораҳое (мардумоне) аз наздамон мегузаштанд. Чун ба мо наздик мешуданд, ҳар яки мо чодари худро аз сараш ба рӯяш мепартофт. Ҳар гоҳ аз наздамон гузашта раванд, рӯйҳоямонро мекушодем.   Ривояти Абудовуд (1833) ва Ибни Моҷа (2935). Ибни Хузайма (4/203) онро саҳеҳ донистааст. Шайх Албонӣ онро дар китоби "Ҷилбобу-л-маръати-л-муслима" саҳеҳ шуморидааст.

6. Аз Асмо бинти Абубакр (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфтааст: Мо рӯйҳои худро аз мардон мепӯшидем...   Ривояти Ибни Хузайма (4/203) ва Ҳоким (1/624). Ҳоким онро саҳеҳ донистааст ва Заҳабӣ бар он мувофақат кардааст. Албонӣ онро дар китоби "Ҷилбобу-л-маръати-л-муслима" саҳеҳ шуморидааст.

7. Ва аз Осими Аҳвал ривоят аст, ки гуфтааст: Мо ба назди Ҳафса бинти Сирин ворид мешудем, куртаашро ин тавр карда, бо он рӯяшро мепӯшид. Мо ба ӯ мегуфтем: Аллоҳ туро раҳм кунад, Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَالْقَوَاعِدُ مِنَ النِّسَاءِ اللَّاتِي لا يَرْجُونَ نِكَاحاً فَلَيْسَ عَلَيْهِنَّ جُنَاحٌ أَنْ يَضَعْنَ ثِيَابَهُنَّ غَيْرَ مُتَبَرِّجَاتٍ بِزِينَةٍ

«Ва бар занони калонсоле, ки умеди никоҳ надоранд, гуноҳе нест, ки либосҳои (чодарҳои) худро фурӯ ниҳанд, (ба шарте ки) зинатеро ошкор накунанд».

Вале Ҳафса ба мо мегуфт: Баъди ин оят, боз кадом оят  омадааст?

Мегуфтем:

وَأَنْ يَسْتَعْفِفْنَ خَيْرٌ لَهُنَّ

«Ва агар парҳезгорӣ кунанд, (яъне агар иффат ва покдоманиро риоя кунанд ва худро бипӯшонанд) барояшон беҳтар аст».

Мегуфт: Ин исботи ҳиҷоб аст.   Ривояти Байҳақӣ (7/93).

Лутфан барои маълумоти бештар, ба саволи рақами (6991) нигаред

    Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб