Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Бар паҳлӯи чап хобидан ҷоиз аст

14033

Таърихи нашр : 21-08-2020

Мушоҳидаҳо : 1803

Савол

Оё бароям ҷоиз аст, ки бар паҳлӯи чапам бихобам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аз ҷумлаи суннати паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ин буд, ки бар паҳлӯи рости худ мехобид, дасти росташро зери рухсораи росташ мегузошт. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба он раҳнамоӣ кардаст. Аз Баро ибни Озиб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфт:

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

"Ҳангоме ки ба бистар рафтӣ, ҳамонанди вузӯят барои намоз, вузӯ бигир, сипас ба паҳлӯи рости худ хоб кун ...".   Ривояти Бухорӣ (Вузӯ, 2239) ва Муслим (4884).

Гузоштани кафи дасти рост зери рухсора суннат аст.

Аз Ҳузайфа (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфт:

"Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳангоме ки дар шаб ба бистар мерафт, дасташро зери рухсорааш мегузошт, сипас мегуфт: Бисмика-л-лоҳумма амуту ва аҳё. (Ба номи Ту, эй Аллоҳ! Мемираму зинда мешавам). Ва ҳангоме ки бедор мешуд, мегуфт: Ал-ҳамду ли-л-лоҳи-л-лазӣ аҳёно баъдамо амотано ва илайҳи-н-нушур. (Ҳамду сано барои Аллоҳе, ки баъди ин ки моро миронд, зинда гардонид ва зинда шудан ба сӯи Ӯст)".   Ривояти Бухорӣ (Дуоҳо, 6314).

Ибни Ҳаҷар гуфт: Самти рост махсусан зикр шуд, чун фоидаҳои зиёд дорад: Бо тезӣ бедор шудан, қалб ба ҷониби рост моил мегардад, аз ин хотир ба хоби сангин гирифтор намешавад. Ибни Ҷавзӣ гуфт: Табибон қайд намуданд, ки ин ҳолат барои бадан фоиданоктар аст. Гуфтанд, ки дар оғоз муддате ба паҳлӯи рости худ мехобад, сипас ба паҳлӯи чап бар мегардад, зеро ҳолати аввал (хобидан ба паҳлӯи рост) сабаби вуруди таом ба меъда аст. Ва (ҳолати дуввум) хобидан ба паҳлӯи чап бо сабаби дахолати ҷигару меъда ҳазмро осон мекунад.

Нававӣ гуфт: "Дар ҳадис се суннат аст. Якумаш вузӯ дар вақти хоб, агар вузӯ дошта бошад, кофист, чунки мақсад покиза хобидан аст. Дуввумаш хобидан бар паҳлӯи рост ....".   

Ин далолат мекунад, ки хобидан бар паҳлӯи рост суннат аст. Агар инсон ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пайравӣ намуда, онро анҷом диҳад, ба ӯ аҷру савоб дода мешавад. Бар паҳлӯи чап хобидан ҷоиз аст. Вале савоби пайравии суннатро аз даст медиҳад.

   Аллоҳ донотар аст.  

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид