Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми харидани либос ва дигар ашё дар идҳои кофирон ба хотири баҳрабардорӣ аз тахфифи нархҳо дар мавсими Кристмас

Савол

Дар Австралия барои либос, мебел, электроника ва ғайра тахфифҳои калон мешавад. Оё ҷоиз аст, ки барои ба даст овардани ин тахфифи бузург, ки дар муддати сол танҳо дар ин вақт дастрас аст, харид кунам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Харидани либос, мебел ва дигар ашё дар мавсими идҳои кофирон, ба монанди Кристмас, ҳеҷ боке надорад, ба шарте ки инсон аз харидани ашёе, ки барои таҷлили ин ид истифода мешавад, ё дар он монандӣ ба иди кофирон дида мешавад, худдорӣ кунад.

Пештар дар ҷавоби саволи рақами (69558) зикр шуда буд, ки барои мусулмон ҷоиз аст, ки фурӯшгоҳи худро дар рӯзҳои идҳои кофирон бикшояд, вале бо ду шарт:

Аввал: Ба онҳо чизҳоеро, ки дар гуноҳу маъсият истифода мебаранд ва ё ин ки аз он барои барпо намудани идашон баҳра мебаранд, нафурӯшад.

Дуввум: Ба мусулмонон чизҳоеро, ки онҳо барои тақлиди кофирон дар ин идҳо истифода мебаранд, нафурӯшад.

Харидани ашёе, ки инсон ба он ниёз дорад, нисбат ба фурӯш ё кушодани фурӯшгоҳ хеле сабуктар аст. Асос он аст, ки харидани ашё мубоҳ аст ва агар харид дар вақти иди онҳо рух диҳад, зараре надорад.

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб