Далелҳо аз Қуръони карим дар бобати муҳофизати Қуръон аз нестшавию нуқсон ва ё зиёдшавӣ инҳоянд:
1 - Аллоҳ таъоло фармудааст:
إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا الذِّكْرَ وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ الحجر/9
"Ҳаройина мо Зикрро нозил кардем ва худ онро муҳофизат мекунем". (Сураи Ҳиҷр: 9).
Имом Табарӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
"Ҳароина мо худ Зикрро нозил кардем" яъне Қуръонро "ва худ онро муҳофизат мекунем". Фармуд: Ҳаройина мо Қуръонро аз илова кардани ботиле, ки дар он нест, ва ё аз кам намудани аҳком, ҳудуд, фароизе, ки дар он ҳаст, нигоҳ медорем. Ҳарфи "ҳ" (الهاء) (маънои "онро" дорад) дар лафзи "лаҳу" (لَهُ) (онро яъне) калимаи (الذِّكْرَ) Аз-зикр-ро дар назар дорад. Чигунае, ки мо дар ин мавзӯъ гуфтем, аҳли тафсир низ чунин гуфтаанд.
Қатода (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
Ояти وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ "худ онро муҳофизат мекунем" яъне Аллоҳ таъоло онро нигоҳ доштааст, то шайтон бар он ботилеро зиёд накунад, ё аз он ҳаққеро кам накунад.
Гуфта шудааст, ки ҳарфи (ҳ) (الهاء) дар ояти وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ "худ онро муҳофизат мекунем" аз зикр намудани Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аст, ба маънои: Ҳаройина мо Муҳаммадро аз он бадиҳое, ки душманонаш нисбати ӯ мехоҳанд, нигоҳ медорем. Поёни сухан бо ихтисор.
"Ҷомиъу-л-баён" (17/68).
Маънои аввал, дурустар ва муносиби равиши калом аст. Дар оятҳои пеш аз ин оят буда чунин омадааст:
وَقَالُوا يَا أَيُّهَا الَّذِي نُزِّلَ عَلَيْهِ الذِّكْرُ إِنَّكَ لَمَجْنُونٌ . لَوْ مَا تَأْتِينَا بِالْمَلَائِكَةِ إِنْ كُنْتَ مِنَ الصَّادِقِينَ . مَا نُنَزِّلُ الْمَلَائِكَةَ إِلَّا بِالْحَقِّ وَمَا كَانُوا إِذًا مُنْظَرِينَ الحجر/6-8.
"Ва гуфтанд: Эй касе, ки "Зикр" (Қуръон) бар ӯ нозил шудааст, ҳаройина ту девонаӣ! Агар рост мегуӣ, чаро фариштагонро назди мо намеоварӣ, (ки моро азоб бикунанд). Мо фариштагонро, ҷуз ба ҳақ нозил намекунем ва ҳар вақто, ки нозил шаванд, дигар ба инҳо муҳлат дода намешавад". (Сураи Ҳиҷр: 6-8).
Пас мақсад аз "Аз-Зикр" (الذِّكْرُ)-и дар оятҳо омада, он чизест, ки бар Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нозил шудааст ва он Қуръони карим мебошад.
Аз ин рӯ, Ҳофиз Ибни Касир (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
"Маънои аввал авлотар аст ва он зоҳири равиши калом аст". Поёни сухан.
"Тафсири Ибни Касир" (4/527).
2 - Аллоҳ таъоло фармудааст:
إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا بِالذِّكْرِ لَمَّا جَاءَهُمْ وَإِنَّهُ لَكِتَابٌ عَزِيزٌ . لَا يَأْتِيهِ الْبَاطِلُ مِنْ بَيْنِ يَدَيْهِ وَلَا مِنْ خَلْفِهِ تَنْزِيلٌ مِنْ حَكِيمٍ حَمِيدٍ
فصلت/41-42.
"Ҳаройина ононе, ки ба Зикр, ки барои ҳидояташон омадааст, кофир шуданд ва ҳаройина ин китобест шикастнопазир. На аз пеши рӯйи он ва на аз қафои он, ботил ба ӯ роҳ намеёбад. Аз ҷониби Аллоҳи Ҳакиму шоистаи ситоиш нозил шудааст". (Сураи Фуссилат: 41-42).
Имом Табарӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
Ояти وَإِنَّهُ لَكِتَابٌ عَزِيزٌ "ва ҳаройина ин китобест шикастнопазир". Аллоҳ таъоло дар бораи "Зикр"-аш мегӯяд: Ҳаройина ин "Зикр" китобест шикастнопазир, Аллоҳ онро шикастнопазир гардонидааст. Онро аз ҳар шахсе, чӣ инс бошад, чӣ ҷин ва чӣ шайтони саркаш, ки хоҳони иваз додан, ё баргардонидан, ё тағйир додани он аст, нигоҳ доштааст.
Чигунае, ки мо дар ин бобат гуфтем, аҳли тафсир низ чунин гуфтаанд.
Маънои ояти لَا يَأْتِيهِ الْبَاطِلُ مِنْ بَيْنِ يَدَيْهِ وَلَا مِنْ خَلْفِهِ "На аз пеши рӯйи он ва на аз қафои он, ботил ба ӯ роҳ намеёбад" он аст, ки соҳиби ботил бо фиребаш наметавонад, ки онро тағйир бидиҳад ва он маъноеро, ки он дорад, иваз карда наметавонад. Инро "аз пеши рӯйи он роҳ ёфтан" гӯянд. Он чизеро, ки дар он нест, ба он ҳамроҳ карда наметавонанд, инро "аз қафои он роҳ ёфтан" гӯянд.
Қатода (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: Ботил - шайтон аст, дар он ҳаққеро кам ва ботилеро зиёд карда наметавонад. Мухтасаран бо каме тағйирот ба охир расид.
"Ҷомиъу-л-баён" (21/479).
3 - Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَاتْلُ مَا أُوحِيَ إِلَيْكَ مِنْ كِتَابِ رَبِّكَ لَا مُبَدِّلَ لِكَلِمَاتِهِ وَلَنْ تَجِدَ مِنْ دُونِهِ مُلْتَحَدًا الكهف/27.
"Он чиро, ки аз китоби Парвардигорат ба ту ваҳй шудааст, тиловат бикун. Суханони Ӯро тағйирдиҳандае нест. Ва ҳаргиз паноҳгоҳе ҷуз Ӯ намеёбӣ". (Сураи Каҳф: 27).
Ҳофиз Ибни Касир (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
Аллоҳ таъоло паёмбарашро бар тилават намудани китоби худ ва онро ба мардум расонидан амр намуда мегӯяд: لا مُبَدِّلَ لِكَلِمَاتِهِ "Суханони Ӯро тағйирдиҳандае нест". Яъне, суханони Ӯро тағйирдиҳандае ва ивазкунандае ва таъвилкунандае нест. Поёни сухан.
"Тафсиру-л-Қуръони-л-ъазим" (5/151).
Аллома Саъдӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
Яъне, он ваҳйеро, ки Аллоҳ ба ту нозил кардааст, бо шинохти маъноҳо ва фаҳмиши он ва тасдиқи хабарҳои он ва итоати фармудаву манъ намудаҳои он, пайравӣ бикун. Ҳаройина он китоби бузургест, ки суханони онро тағйирдиҳандае нест. Яъне, тағёиру илова ба он ворид намешавад, ба хотири сидқу адолати он ва он дар зебоӣ, болотар аз ҳама зебоиҳост. "Ва каломи Парвардигори ту, бо сидқу адл, ба ҳадди тамом расид". Ба хотири тамомияти он, тағйиру иваз намудани он ҳеҷ имкон надорад. Агар нуқсон медошт, ин амал ба он ва ё ҷузъе аз он рух медод. Ин худ бузургдоштест ба Қуръон ва дар зимни он ташвиқ ба рӯй овардан ба он аст. Поёни сухан.
Тафсири "Тайсиру-л-карими-р-раҳмон" (саҳ/479).
4 - Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَمَا كُنْتَ تَتْلُو مِنْ قَبْلِهِ مِنْ كِتَابٍ وَلَا تَخُطُّهُ بِيَمِينِكَ إِذًا لَارْتَابَ الْمُبْطِلُونَ . بَلْ هُوَ آيَاتٌ بَيِّنَاتٌ فِي صُدُورِ الَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ وَمَا يَجْحَدُ بِآيَاتِنَا إِلَّا الظَّالِمُونَ العنكبوت/48-49.
"Ту пеш аз ин китобе намехондӣ ва бо дасти худ чизе наменавиштӣ, (агар чунон буд,) ин ҳангом аҳли ботил ба шак афтода буданд. Балки Қуръон оётест равшан, ки дар синаи аҳли дониш ҷой дорад. Ва оёти Моро ҷуз ситамкорон касе инкор намекунад". (Сураи Анкабут: 48-49).
Ояти дуввум далолат ба он мекунад, ки Қуръон дар синаи уламо ҳифз карда шудааст. Ин хабар аз ҷониби Аллоҳ таъолост ва хабари Аллоҳ таъоло дар ягон замону макон имконияти хилоф карданро надорад.
5- Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَلَوْ تَقَوَّلَ عَلَيْنَا بَعْضَ الْأَقَاوِيلِ . لَأَخَذْنَا مِنْهُ بِالْيَمِينِ . ثُمَّ لَقَطَعْنَا مِنْهُ الْوَتِينَ . فَمَا مِنْكُمْ مِنْ أَحَدٍ عَنْهُ حَاجِزِينَ الحاقة/44-47.
"Агар паёмбар баъзе суханонро бофта бар мо нисбат медод. Албатта ӯро бо қудрат мегирифтем. Сипас раги дилашро мекандем. Пас ҳеҷ кас аз шумо наметавонист, ки аз (азоб шудани) ӯ монеъ шавад". (Сураи Ал-ҳоққаҳ: 44-47).
Агар ин ҳушдор дар ҳаққи пешвои башарият Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бошад, пас ҳоли шахсе, ки кӯшиши тағйир додани китоби Аллоҳ намуда чизеро, ки Аллоҳ нагуфтааст, аз пеши худ, дурӯғ бофта ба Аллоҳ нисбат диҳад, чӣ мешуда бошад. Ба ин оят муқоиса намуда далел овардан имкон дорад, ки ягон инсоне наметавонад, ки аз китоби Аллоҳ чизеро каму зиёд кунад, пас азоби шитобон муроқиби ӯст.
Нофеъ гуфтааст:
Ҳаҷҷоҷ хутба намуда гуфт: Ибни Зубайр сухани Аллоҳро тағйир медиҳад. Нофеъ гуфт: Ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) гуфт: Ҳаҷҷоҷ дурӯғ гуфтааст. Ибни Зубайр Қуръонро тағйир надодааст ва тағйир дода ҳам наметавонад. Байҳақӣ инро дар китоби "Ал-асмоу ва-с-сифот" (1/159) бо санади саҳеҳ ривоят намудааст.
6 - Аллоҳ таъоло ин Қуръонро ба баланд будани мақоми он ва бузург будани ҷойгоҳи он сифат намудааст. Ҳамаи ин сифатҳо сифатҳои ҳақ ва ростанд. Метавон инро далел овард, ки Қуръон аз тағйиру иваз намудан нигоҳ дошта шудааст. Зеро тасдиқи ин сифатҳо бо нигоҳ дошта шудани Қуръон ва боқӣ мондани он комил мегардад.
Аллоҳ таъоло фармудааст:
حم . وَالْكِتَابِ الْمُبِينِ . إِنَّا جَعَلْنَاهُ قُرْآنًا عَرَبِيًّا لَعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ . وَإِنَّهُ فِي أُمِّ الْكِتَابِ لَدَيْنَا لَعَلِيٌّ حَكِيمٌ الزخرف/1-3.
"Ҳо, мим. Савганд ба ин китоби равшангар. Мо ин китобро Қуръоне арабӣ қарор додем, бошад, ки шумо бифаҳмед. Ва он дар "Уммул-китоб" (лавҳи маҳфуз) назди мо арҷманду ҳикматомез аст". (Сураи Зухруф: 1-4).
Ҳофиз Ибни Касир (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
Ояти وَإِنَّهُ فِي أُمِّ الْكِتَابِ لَدَيْنَا لَعَلِيٌّ حَكِيمٌ "Ва он дар "Уммул-китоб" (лавҳи маҳфуз) назди мо арҷманду ҳикматомез аст". Аллоҳ таъоло бузургии онро дар назди малоикаҳо баён намуд, то аҳли замин онро эҳтиром намуда, бузург доранд ва онро итоат кунанд. Фармуд: (وَإِنَّهُ) "Ва он" яъне Қуръон (فِي أُمِّ الْكِتَابِ) "дар Уммул-китоб" яъне лавҳи маҳфуз, ба гуфтаи Ибни Аббос ва Муҷоҳид. (لَدَيْنَا) "назди мо" дар назди мост, ба гуфтаи Қатода ва дигарон. (لَعَلِيٌّ) "арҷманд" яъне соҳиби мақоми бузург ва эҳтиром ва фазилат аст, ба гуфтаи Қатода. (حَكِيمٌ) "ҳикматомез" яъне устувор ва аз шакку шубҳа пок ва ҳамаи ин огоҳиест бар шарафу фазилати он. Чуноне, ки Аллоҳ таъоло фармудааст:
إِنَّهُ لَقُرْآنٌ كَرِيمٌ . فِي كِتَابٍ مَكْنُونٍ . لا يَمَسُّهُ إِلا الْمُطَهَّرُونَ . تَنزيلٌ مِنْ رَبِّ الْعَالَمِينَ الواقعة/77-80.
"Ҳаройина он, Қуръони Карим аст. Дар китоби нигоҳ дошташуда. Ҷуз покон бар он даст назананд. Аз сӯи Парвардигори оламиён нозил шудааст". (Сураи Воқеъа: 77-80)
Аллоҳ таъоло фармудааст:
كَلا إِنَّهَا تَذْكِرَةٌ . فَمَنْ شَاءَ ذَكَرَهُ . فِي صُحُفٍ مُكَرَّمَةٍ . مَرْفُوعَةٍ مُطَهَّرَةٍ . بِأَيْدِي سَفَرَةٍ . كِرَامٍ بَرَرَةٍ عبس/11-16
"Ҳаргиз чунин нест, (ки онҳо мепиндоранд) ҳаройина Қуръон пандест. Ҳар кас бихоҳад аз он панд мегирад. Дар лавҳҳои пурарзише (навишта шудааст). Лавҳҳои волоқадру покиза. Ба дасти сафироне аст. Воломақому фармонбардор ва некӯкор". (Сураи Абаса: 11-16).
8 - Аллоҳ таъоло фармудааст:
ذَلِكَ الْكِتَابُ لَا رَيْبَ فِيهِ هُدًى لِلْمُتَّقِينَ البقرة/2.
"Ин китоб шакке дар он нест, ҳидоятгари парҳезгорон аст". (Сураи Бақара: 2).
Ин оят ҳама шакку шубҳаро аз Қуръони карим рад мекунад. Тағйиру таҳриф аз бузургтарин шак буда сазовори рад мебошанд.
9 - Аз Иёз ибни Ҳимори Муҷошиӣ ривоят аст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) рӯзе дар хутбаи худ фармуд: "Огоҳ бошед! Ҳаройина Парвардигорам маро амр намуд, ки он чизеро, ки намедонед, ба шумо аз он чизе, ки имрӯз ба ман таълим додааст, таълим бидиҳам, .... Ман туро фиристодаам, то туро имтиҳон ва ба воситаи ту дигаронро имтиҳон кунам. Ман ба ту китобе нозил кардаам, ки онро об шуста наметавонад ва онро дар ҳолати хобу бедорӣ мехонӣ". Ривояти Муслим (рақами ҳадис: 2865).
Абу-л-аббоси Қуртубӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
Агар аз мусҳафҳо шуста шавад, аз синаҳо шуста намешавад ва аз байн намеравад. Шоҳиди ин гуфтаҳо, фармудаи Аллоҳ аст, ки мефармояд:
إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا الذِّكْرَ وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ الحجر/9
"Ҳаройина мо Зикр (Қуръон)-ро нозил кардем ва худ онро муҳофизат мекунем". (Сураи Ҳиҷр: 9).
Китоби "Ал-Муфҳиму лимо ашкала мин талхиси Муслим" (7/163).
Имом Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
Дар ин ҳадиси қудсӣ Аллоҳ фармудааст: لَا يَغْسِلُهُ الْمَاءُ "Онро об намешӯяд". Маънояш онаст, ки он дар синаҳо ҳифз карда шудааст ва аз байн бурда намешавад, балки дар ҳама замонҳо боқӣ мемонад. Поёни сухан.
"Шарҳи Муслим" (17/198).
Хотиррасон мекунем, ки ин далелҳо бар мувофиқи саволи саволдиҳанда бар кафолати Аллоҳ таъоло ба муҳофизати Қуръони Карим мебошанд. Аммо далелҳои воқеъӣ ба рост будани ин хабар бошад, пас ҷои он аз ҷустуҷӯву ҷавоб додан, дигар аст.
Ҳамчунин хотиррасон мекунем, ки аксари ин далелҳо тасдиқи худро дар Қуръони карим пайдо мекунанд. Агар мо онро ҳамчун китоби ба тамоми инсоният фиристодашуда аз назар гузаронем, мебинем, ки он қонунҳоеро дарбар мегирад, ки ба ҳама давру замон мутобиқат мекунанд. Ба хилофи китобҳое, ки ба паёмбарони пешина нозил шуда буданд.
Аллоҳ донотар аст.