Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Фиристодани закоти фитр ба кишвари дигар

Савол

Ман закоти фитри худро ба хонаводаам фиристодам, то онҳо онро дар кишварам пардохт кунанд. Оё ин дуруст аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Ҳеҷ боке надорад ва ин дуруст аст, иншоаллоҳ (агар Аллоҳ бихоҳад). Вале пардохти он дар ҷое, ки шумо истиқомат мекунед, беҳтар аст. Агар шумо онро ба баъзе камбағалон дар ҷое, ки истиқомат мекунед, бидиҳед, ин беҳтару авлотар аст. Агар шумо онро ба хонаводаи худ фиристодед, то ба камбағалон бидиҳанд, боке надорад". Поёни сухан.

Шайх Абдулазиз ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод).

"Фатово нурун ала-д-дарб" (2/1208).

Сарчашма: Шайх Абдулазиз ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) "Фатово нурун ала-д-дарб" (2/1208).