Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Шитоб намудан барои иҷрои назр

150390

Таърихи нашр : 29-06-2020

Мушоҳидаҳо : 1643

Савол

Бо худ назр кардаам, ки агар Аллоҳ бароям фарзанде ато кунаду, ин фарзанд чиҳилрӯза шавад, дар роҳи Аллоҳ ду чорворо қурбонӣ мекунам. Ман дар Урдун зиндагонӣ мекунам. Ман бо чунин лафз назр кардаам: "Эй Парвардигор! Агар бароям тифле ато куниву, чиҳилрӯза шавад, дар роҳи ту ду чорворо қурбонӣ мекунам". Баъд аз он бо хости тақдир ба Яман сафар намудам. Бароям барқияе расид, ки ҳамсарам духтаре таваллуд кардаасту саломатияш хуб аст. Саволи ман чунин аст: Оё ҷоиз аст, ки то аз Яман ба Урдун рафтанам мунтазир шуда баъд дар Урдун ба назрам вафо кунам? Ё ки дар Яман ба назрам бояд вафо кунам? Беҳтарин роҳи тақсим намудани гӯшти чорвои назршуда чӣ тавр аст? Ва оё ман низ метавонам аз он бихӯрам? Ва инчунин метавонам касеро барои хӯрдани он даъват бикунам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Воҷиб он аст, ки бояд ба иҷро намудани назр шитоб намуд, зеро қоидаи шаръӣ мегӯяд, ки "Дар воҷибҳо шитоб намудан воҷиб аст, магар дар ҳолате, (шитоб намудан воҷиб нест) ки вақти муайяне дошта бошад". Пас воҷиб аст, ки агар чиҳил рӯзро пур кунад, шитоб намуна, назратро анҷом бидеҳ. Ва чун кӯдакат чиҳилрӯза бишавад, бар ту воҷиб аст, ки дар Яман ба назри худ вафо бикунӣ.

Дар масалаи хӯрдану нахӯрданат бошад, он ба нияти ту вобастагӣ дорад. Агар ту ният карда бошӣ, ки аз он худат ва хешовандону наздиконат мехӯред, пас ҳарду чорворо забҳ намуда худ ва хешовандону наздиконат ҳамроҳ хӯред. Аммо агар ту чизе ният накарда бошӣ, чорвоҳоро забҳ намуда бар фақирону мискинон тақсим намову, худ аз он махӯр, зеро ту ҳангоми назр кардан хӯрданро ният накарда будӣ.

Дар асл назр барои фақирону муҳтоҷон аст, на барои худи назркунанда. Магар дар ҳолате, ки ният карда бошӣ, ки аз он худат ва аҳлу хонадонат мехӯред. Дар чунин ҳодат, ту ҳамроҳи аҳли хонадонат ва ҳамсояҳоят аз он хурда, ба фақирон низ медиҳед.

Дар оянда бошад, дигар назр макун. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) назр намуданро манъ намуда, фармудааст: "Ҳаройина назр хайреро намеорад. Балки бо воситаи назр аз дасти бахил берун карда мешавад".

Пас бароят зарур аст, ки дигар ҳаргиз назр макунӣ, зеро паёмбари (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) онро манъ кардааст.

Дуввум:

Дар боло ин ибораро истифода бурдӣ: "бо хости тақдир", гуфтани ин ибора дуруст нест. Ҷоиз нест, ки инсон "бо хости тақдир" бигӯяд. Ба ҷои он бигуй: "Бо хости Аллоҳ таъоло" ё "бо хости Парвардигорам" ё "бо хости Малик Парвардигор ҷалла ва ъала" ё "бо хости Раҳмон" ё "бо хости Парвардигорам" ва ё монанди он дигар лафзҳо. Зеро машияту ирода ба Аллоҳ нисбат дода мешавад ва чизе зери тасарруфи худи тақдир нест. Тақдир чизест, ки баъди илми Аллоҳ таъоло меояд". Поёни сухан.

Шайх Абдулазиз ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод). 

 "Фатово нурун ала-д-дарб" (4/1979).

Сарчашма: Шайх Абдулазиз ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) "Фатово нурун ала-д-дарб" (4/1979)