Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми кор кардан дар сехи қаннодие, ки торти солинавӣ ва шириниҳои арӯсӣ омода мекунад

Савол

Оё кор кардан дар сехи қаннодие, ки торти солинавӣ ва шириниҳои арӯсӣ омода мекунад, ҷоиз аст? Шояд чунин кор маро мададгори гуноҳу таҷовуз гардонад. Аллоҳ донотар аст.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Тақсим кардани шириниву тӯҳфаҳо дар ҷашни арӯсӣ ва дигар маъракаҳои хурсандӣ ҳеҷ боке надорад.
Ин чиз дар кишварҳои мусулмонон то ҳол машҳур аст ва касе онро инкор накардааст. Лутфан ба ҷавоби саволи (134163) руҷӯъ кунед.
Аммо дар мавриди торти солинавӣ бошад, кӯмак намудан дар омода кардан ё фурӯхтани он ҷоиз нест, зеро ин амал кӯмак дар гуноҳу таҷовуз ба ҳисоб меравад, чунки соли нав аз идҳои мусулмонон ба шумор намеравад, аз ин рӯ, ҷашн гирифтани он ва ҳамчунин кӯмак расонидан ба онҳое, ки онро ҷашн мегиранд, ҷоиз нест.
Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
Табрик кардани кофирон дар иди Кристмас ё дигар идҳои диниашон бо иттифоқи донишмандон ҳаром аст, зеро табрик кардан дар ҳақиқат эътироф намудани шаоиру маросими куфрии онон ва розӣ будан ба он аст, гарчанде ки ӯ аз ин амали куфр хушнуд ҳам набошад. Аммо барои мусулмон ҳаром аст, ки ба шаоиру маросими куфр розӣ бошад ё дигареро ба он табрик кунад. Ҳамчунин бар мусулмонон монанд сохтани худ ба кофирон, бо баргузории чунин ҷашнҳо ва ё тӯҳфа додан ба ҳамдигар ва ё тақсим кардани шириниву хӯрок ва ё истироҳат эълон кардани он рӯз аз кору фаолият ба муносибати ингуна маросимҳо ва ғайра ҳаром мебошад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Касе ки худро ба қавме монанд созад, пас ӯ аз ҷумлаи онон аст».   Ривояти Абудовуд (4031).
Поёни сухан бо ихтисор.
"Маҷмуъу фатово ва расоил"-и Ибни Усаймин (3 / 45-46).
     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб