Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Чигуна намози шаб бихонам, ки Аллоҳ аз ман розӣ гардад?

158678

Таърихи нашр : 13-05-2020

Мушоҳидаҳо : 11130

Савол

Ман дар диндориам бисёр сустӣ мекунам. Дар шаб нишаста Қуръон мехонам ва ду ракъат намоз хонда, истиғфор мекунам, ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) салавот мефиристам. Вале ман доимо эҳсос дорам, ки ба худам зулм мекунам ва кӯтоҳӣ ва сустӣ менамоям. Мехоҳам дар назди Аллоҳ мартабаи баланд дошта бошам. Аз ин рӯ, барои ноил шудан ба ҳадаф кӯшиш мекунам. Саволам чунин аст: Чи гуна намози шаб бихонам, ки Аллоҳро розӣ гардонад ва маро ба Ӯ наздик намояд ва Ӯ аз ман розӣ гардад? Зеро ризои Аллоҳ барои ман ғояи олитарин буда, чизи дигаре намехоҳам. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) шабона чӣ мекард, чи гуна намози шаб мегузорид, чиҳо мегуфт, то ки ман низ ба изни Аллоҳ ҳамон тавр амал кунам? 

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Яке аз тавфиқҳое, ки Аллоҳ таъоло ба бандааш медиҳад, ин аст, ки айбашро ба худаш нишон медиҳад, то кӯтоҳӣ ва бепарвоии худ нисбат ба Парвардигорашро дарк намояд. Муҳимтар он аст, ки ин ҳолат ба шахс имкон медиҳад, ки боре таваққуф намояд ва он чиро, ки аз даст додааст, фаҳмида, камбудиҳои динии худро бартараф созад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَأَقِمِ الصَّلَاةَ طَرَفَيِ النَّهَارِ وَزُلَفًا مِنَ اللَّيْلِ إِنَّ الْحَسَنَاتِ يُذْهِبْنَ السَّيِّئَاتِ ذَلِكَ ذِكْرَى لِلذَّاكِرِينَ * وَاصْبِرْ فَإِنَّ اللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجْرَ الْمُحْسِنِينَ   هود/114-115

"Ва дар ду тарафи рӯз (оғозу поёни рӯз) ва соате аз шаб намоз бигзор. Ҳамоно, некиҳо бадиҳоро аз байн мебаранд. Ин пандест барои пандпазирон. Ва сабр бикун, ҳамоно Аллоҳ музди некӯкоронро зоеъ намекунад".   (Сураи Ҳуд: 114-115).

Бар ту лозим аст, ки пеш аз донистани чигунагии намози шаб, бояд аз ду чиз огоҳ шавӣ:

Аввал, ин ки намози шаб амали нафл буда, бояд банда онро барои Аллоҳ бардавом иҷро кунад. Баъд аз он ки ба иҷрои он шурӯъ намуда, аз он насибае гирифт, онро тарк насозад.

Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) гуфтааст: Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пусиданд: Беҳтарин амал назди Аллоҳ кадом аст? Дар ҷавоб гуфт: "Амале, ки аз ҳама беш давом кунад, агарчӣ андак бошад". Боз фармуд: "Он амалҳоеро ба дӯши худ бигиред, ки бар он тоқат карда тавонед".   Ривояти Бухорӣ (6465).

Аз Алқама ривоят аст, ки гуфт: Аз модари мӯъминон Оиша пурсидам: Эй модари мӯъминон, амали паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) чи гуна буд? Oё баъзе рӯзҳоро барои худ хос мекард?

Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) фармуд: Не. Амали паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бардавом буд. Кадоми шумо он чизе, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) метавонист, метавонад?   

Ривояти Бухорӣ (1987) ва Муслим (783).

Пас маълум шуд, ки мувофиқи шариъат банда бояд ба он ибодате, ки шурӯъ кард, идома диҳад ва ба худ раҳм кунад. Барои худ танҳо ибодатеро лозим гирад ва мақсади худ қарор диҳад, ки ба гумони беш ба он вафо карда битавонад. Ин маънои онро надорад, ки масалан, агар ӯ дар шаб ду ракъат намоз гузорад, бояд аз он зиёд накунад, балки мақсад ин аст, ки ӯ бояд нафси худро ба қадре вазифадор созад ва ё лозим гирад, ки бо гумони зиёд бар он вафо карда битавонад. Сипас агар ягон вақт кӯшишнок шуда, сабукиеро ҳис кунад, бо изни Аллоҳ онро зиёдтар анҷом диҳад.

Лутфан барои донистани савоби намози шаб, ба ҷавоби саволи рақами (50070) ва барои донистани сабабҳои кӯмаккунанда ба шабзиндадорӣ ва намози шаб, ба ҷавоби саволи рақами (3749) нигаред.  

Дуввум: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуд, ки мувофиқи шариъат бояд намози шаб ду ракъат - ду ракъат бошад. Баъд аз он намозашро бо як ракъат тамом мекунад ва ин як ракъат намози витр мебошад.

Аммо равиши намози шаби паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро модари мӯъминон Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) сифат намуда, гуфтааст: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) чӣ дар Рамазон бошад ва чӣ дар ғайри он аз ёздаҳ ракъат зиёд намоз намехонд. Аввал чаҳор ракъат намоз мехонд, ки ту аз зебоӣ ва дарозии он напурс. Баъд аз он чаҳор ракъати дигар намоз мехонад, ки ту аз зебоӣ ва дарозии ин чаҳор ракъат напурс. Баъд аз он се ракъат мехонд. Гуфтам: Эй Расулуллоҳ! Оё пеш аз намози витрро хондан, хоб мекунӣ? Гуфт: "Эй Оиша, чашмонам хоб мекунанд ва дилам бошад, хоб намекунад".   Ривояти Бухорӣ (1147) ва Муслим (738).

Шарт нест, ки намози шаби банда ба ин ёздаҳ ракъат расад ва аз он кам ё зиёд набошад. Балки агар шахс хоҳад, мутобиқи тавоноии худ зиёд ё кам мехонад.

Умуман, баъди манози хуфтан то дамидани субҳ чи қадаре ки хоҳад, намоз мехонад. Беҳтарин вақти он, охири шаб аст, зеро он вақти нузули Парвардигор буда, дар он дарҳои осмон кушода мешаванд.

Аз Ҷобир (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфтааст: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Агар шахсе тарсад, ки дар охири шаб хеста наметавонад, бояд дар аввали шаб намози витрашро гузорад. Агар шахсе хоҳад, ки дар охири шаб намози шабро гузорад, намози витрашро низ ҳамон вақт хонад. Зеро намози охири шаб машҳуд (яъне малоикаҳои раҳмат дар он ҳозир мешаванд) ва он афзал аст".   Ривояти Муслим (755).

Агар шахсе ба хондани намози шаб ҳиммати баланд дошта бошад, метавонад мисли шабзиндадории паёмбари Аллоҳ, Довуд (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шабзиндадорӣ кунад.

Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфтааст: Расулуллоҳ  (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ман гуфт: "Маҳбубтарин рӯза назди Аллоҳ рӯзаи Довуд аст, ки як рӯз рӯза мегирифт ва як рӯз намегирифт. Маҳбубтарин намоз назди Аллоҳ намози Довуд аст, ки нисфи шабро хоб мекард ва сеяки онро шабзиндадорӣ мекард ва боз дар шашяки боқимондаи он хоб мерафт".   Ривояти Бухорӣ (3420) ва Муслим (1159).

Ба шумо барои иттилои бештар дар ин мавзӯъ китоби "Руҳбону-л-лайл"-и Доктор Сайид Ҳусайн Ал-Аффонӣ (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) тавсия мешавад.

       Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб