Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми бастани ресмон ба гардан барои мардон

161563

Таърихи нашр : 20-12-2023

Мушоҳидаҳо : 656

Савол

Ман бисёре аз ҷавонон ва ҳатто дӯстонамро мебинам, ки ресмонҳоеро ба гарданҳои худ мебанданд. Одатан акси шаҳидон ё шиорҳое оиди Фаластин ё Ақсо ба он овехта мешавад... Овехтани он бо аксҳо ва бе аксҳо барои мардон чӣ ҳукм дорад? Аллоҳ бароятон подоши некӯ диҳад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ин ресмонҳои овехташуда аз ду ҳолат холӣ нестанд:

Аввал:

Дар он ресмонҳои овехташуда аксҳои мавҷудоти зинда вуҷуд дошта бошанд. Пас дар ин ҳолат, овехтани онҳо на барои мардон ҷоиз аст ва на барои занон. Барои маълумоти бештар дар мавриди ҳукми тасвирҳо, метавонед ба саволи рақами (7222) муроҷиат кунед.

Дуввум:

Аз аксҳо холӣ бошанд. Агар овехтан махсус барои занон бошад ва дар он ягон мамнӯоти шаръӣ дида нашавад, ҳеҷ боке надорад.

Аммо агар ҳамонтавре ки саволдиҳанда зикр кард, барои мардон бошад, овехтани он барои онҳо ҷоиз нест, зеро овехтани гарданбанд яке аз хусусиятҳои занон аст, аз ин рӯ, овехтани он монандӣ ба онҳо аст ва қариб, ки ягон марде онро - ба он тарзе, ки одатан занон меовезанд - намеовезад, магар мардони муханнас (зансифат, хунсо), паноҳ ба Аллоҳ.

Дар ҳадиси Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) собит шудааст, ки мефармояд:

"Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мардонеро, ки худро ҳамонанди занон қарор медиҳанд ва занонеро, ки худро шабеҳи мардон мекунанд, лаънат намудааст".   Ривояти Бухорӣ (5885).

Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин (Аллоҳ ӯро раҳм кунад) оиди ҳукми занҷир овехтани мардон пурсида шуд, дар ҷавоб гуфт.

Занҷир овехтан ба хотири зебоӣ ҳаром аст, зеро ин одати занон ва монандӣ ба онон мебошад. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мардонеро, ки худро ҳамонанди занон қарор медиҳанд, лаънат кардааст. Агар (занҷир) аз тило бошад, гуноҳ ва ҳаром будани он бештар аст, зеро он дар ин ҳолат барои мардон аз ду ҷиҳат ҳаром мегардад, аз як ҷиҳат он тилло аст ва аз тарафи дигар монандӣ ба занон мебошад. Бадтар зишттар аз он, ин аст, ки дар он акси ҳайвон ё подшоҳе бошад. Бадтар ва палидтар аз он, ин аст, ки дар он салиб (крест) бошад. Ин ҳатто барои зан ҳаром аст, ки зевареро бипӯшад, ки дар он он акс бошад, хоҳ акси инсон бошад ё ҳайвон, хоҳ акси паранда бошад ё ғайри паранда ва ё акси салиб. Ин - манзурам пӯшидани ҳар чизе, ки дар он акс бошад - барои мардону занон ҳаром аст, пас барои ҳеҷ яке аз онҳо ҷоиз нест, ки чизеро, ки дар он акси ҳайвон ё акси салиб бошад, бипӯшад. Аллоҳ донотар аст". Поёни сухан аз китоби "Маҷмуъу фатово"-и Ибни Усаймин (11/97).

Дар мавриди ин овезаҳо, агар фарз кардем, ки мардон қасди зебу зинатро надоранд, боз ҳам аз тақлиди занон дар овехтани гарданбанд ва монандӣ ба мардони фосиқу муханнас (зансифат, хунсо) дар кирдору либоспӯшиашон холӣ нест. Сазовор аст, ки мардонро аз он тамоман манъ кард. Онҳо метавонанд ин шиорҳоро ба ҷои дигаре биовезанд, на ба гарданбанд..

Аллоҳ таъоло донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб