Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми хӯрдани мурғобӣ ва кабӯтар

Савол

Оё хӯрдани мурғобӣ ва кабӯтар ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Асос дар хӯрокҳо ва нӯшокиҳо ҳалол будани онҳо мебошад, то он даме ки далели ҳаром будани он собит нагардад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

هُوَ الَّذِي خَلَقَ لَكُمْ مَا فِي الأَرْضِ جَمِيعاً

سورة البقرة: ٢٩

«Ӯст, ки ҳамаи чизҳоеро, ки дар замин аст, бароятон офарид».   (Сураи Бақара: 29).

Аз Ибни Аббос ривоят аст, ки фармуд: Аҳли ҷоҳилият (мардум пеш аз Ислом, дар замони бутпарастӣ ва ҷаҳлу нодонӣ) баъзе чизҳоро мехӯрданд ва баъзе чизҳои дигарро нопоку палид ҳисобида, тарк мекарданд (яъне намехӯрданд). Сипас Аллоҳ таъоло паёмбари худро фиристод, китоби худро нозил кард, баъзе чизҳоро ҳалол ва бархе дигареро ҳаром гардонид. Пас он чизе ки ҳалол гардонид, ҳалол аст ва он чизе ки ҳаром гардонид, ҳаром аст ва он чизе ки аз он сукут кард, афву бахшоиш аст. Сипас ояти зеринро тиловат кард:

قُلْ لَا أَجِدُ فِي مَا أُوحِيَ إِلَيَّ مُحَرَّمًا عَلَى طَاعِمٍ يَطْعَمُهُ إِلَّا أَنْ يَكُونَ مَيْتَةً أَوْ دَمًا مَسْفُوحًا أَوْ لَحْمَ خِنزِيرٍ فَإِنَّهُ رِجْسٌ أَوْ فِسْقًا أُهِلَّ لِغَيْرِ اللَّهِ بِهِ فَمَنْ اضْطُرَّ غَيْرَ بَاغٍ وَلَا عَادٍ فَإِنَّ رَبَّكَ غَفُورٌ رَحِيمٌ

«Бигӯ: "Дар миёни он чӣ ба ман ваҳй шудааст, чизеро ки хӯрдани он барои хӯрандае ҳаром бошад, намеёбам, магар (гӯшти) мурдор ё хуни рехта ё гӯшти хук, ки ҳатман, палид аст, ё (ҳайвоне, ки ҳангоми забҳ) аз рӯи нофармонӣ, номи ғайри Аллоҳ таъоло бар он бурда бошанд". Пас, ҳар кас (барои ҳифзи ҷони худ, ба хӯрдани онҳо) дармондаву ночор шавад, агар саркаш ва зиёдахоҳ набошад. Ба ростӣ, ки Парвардигорат омурзандаи меҳрубон аст».   (Сураи Анъом: 145).

Ривояти Абудовуд (3306). Шайх Албонӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ин ҳадисро саҳеҳ донистааст.

Ҳофиз ибни Ҳаҷар (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Қисми дуввум: "Модоме ки монеъе дар он ворид нашуда бошад, он ҳалол аст, вале ба шарте ки он забҳ карда шавад, монанди мурғобӣ ва парранди обӣ". Поёни сухан аз китоби "Фатҳу-л-борӣ".

Бар ҳаром будани хӯрдани мурғобӣ ва кабӯтар далеле ворид нашудааст, аз ин рӯ, ба асл бармегардем, ки он раво аст. Балки далели ҳалол будани хӯрдани кабӯтар ин аст, ки саҳобагон (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) дар мавриди каффорати кабӯтари Ҳарам, ки онро муҳрим шикор мекунад, гӯсфандеро муқаррар кардаанд. Ин бар ҳалол будани хӯрдани он далолат мекунад.

Ибни Қудома (раҳмати Аллоҳбар ӯ бод) гуфтааст: "Умар, Усмон, Ибни Умар, Ибни Аббос ва Нофеъ ибни Абдулҳорис чунин ҳукм кардаанд". Поёни сухан аз китоби "Ал-Муғнӣ" (3/274).

Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Асҳобамон иттифоқ карданд, ки хӯрдани шутурмурғ, мурғ..., мурғобӣ, сангхӯрак, гунҷишк, чаковак, дурроҷ ва кабӯтар ҳалол аст". Поёни сухан аз китоби "Шарҳу-л-муҳаззҳаб" (7/22).

Ҳамчунин гуфтааст: "Ҳар чизе, ки ҳам дар об ва ҳам дар хушкӣ зиндагӣ мекунад, аз ҷумла паррандаҳои обӣ, аз қабили мурғобӣ, ғоз ва ғайра, ҳамон тавре ки дар боло зикр гардид, ҳалол аст, вале худмурдаи он (ва ё бо забҳи ғайришаръӣ кушта шуда бошад) бидуни хилоф ҳалол нест. Балки забҳ кардани он шарт аст". Поёни сухан аз китоби "Шарҳу-л-муҳазҳаб" (9/35).

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб