Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ӯ бо духтараш зино кардааст, сипас писаронаш ӯро (аз хона) ронданд ва аз ӯ безорӣ ҷустанд

170421

Таърихи нашр : 03-12-2022

Мушоҳидаҳо : 1807

Савол

Ҳукми марде, ки бо духтараш зино кардааст, дар ҳоле ки ҳамсараш ҳанӯз дар қайди ҳаёт аст, чист?

Ба хотири зино кардан бо духтараш, фарзандонаш ӯро аз хона ронданд ва аз ӯ безорӣ ҷустанд. Оё ин рафтори писарон дуруст аст? Лутфан оиди ин масъала фатво диҳед.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бешак ин кор амали зишту қабеҳе аст, ки фитратҳову нафсҳои солим онро намепазирад, чи расад ба нафсҳои мусулмонону мӯъминоне, ки зино ба зани бегонаро ҳам зишт мешуморанд, чигуна бо маҳрами худ ва духтари худ, ки аз камари ӯст, чунин чизеро раво донанд?

Қасам ба Аллоҳ, ки мусибати ин фарзандон беҳад бузург аст. Аз Аллоҳ хоҳонем, ки ба онҳо лутфу марҳамат кунад ва ба мусулмонон офият бахшад.

Бо вуҷуди он ки ин падар муртакиби гуноҳи бузургу зиште шуда бошад ҳам, ҳаққи падарии ӯ боқӣ мемонад. Ҳақҳое ба монанди некӣ ба ӯ ва барқарории пайванди хешутаборӣ ва дар зимни он ҳаққи Аллоҳ таъолоро адо карда, ӯро насиҳат намуд, (амалҳои зишташро) инкор кард ва ҷилавгирӣ кард, ки мабодо чунин коре дар оянда боз такрор нашавад.

Ҳар гоҳ писарон ӯро насиҳат кунанд ва нишонаҳои тавба ва пушаймонӣ дар ӯ дида шавад ва ё аз хона ронда шуданаш боиси тавба ва пушаймонии ӯ шавад, дар ин ҳангом, бар писарон лозим аст, ки ба ӯ некӣ кунанд ва ҳаққи падарии ӯро риоя намоянд ва ҳамзамон духтар ё духтарон бо ӯ эҳтиёткорона муомила кунанд, набояд дар зоҳир кардани узвҳои бадани худ дар назди ӯ беэътиноӣ намоянд ва нагузоранд, ки ӯ бо яке аз духтаронаш танҳо бимонад. Писарон низ бояд дар хотир дошта бошанд, ки фарзандони Одам аз хато эмин нестанд, вале гуноҳи инсон ҳар андоза бузург ҳам бошад, агар аз он тавба кунад ва бар он пойдор бимонад, Аллоҳ таъоло тавбаашро мепазирад.

Аммо агар нишонаҳои тавба ва пушаймонӣ дар ӯ дида нашавад ва аъзои хонавода аз боқӣ мондани падар дар хона ҳарос дошта бошанд, ки мабодо боз дар ин фитна ва гуноҳ воқеъ шавад, пас дар ин ҳангом, бар писарон лозим аст, ки ӯро дар хонаи дигар ҷой кунанд ва некии худро ба ӯ идома диҳанд ва ё ин ки духтар дар хонаи яке аз маҳрамони мӯътамади худ зиндагӣ бикунад, вале падар дар хонааш боқӣ мемонад. Ин ба хотири дар амон мондан аз бадии ӯст ва дар ҳама ҳолатҳо бояд ҳаққи падарии ӯ риоя карда шавад.

Аз Аллоҳ хоҳонем, ки аҳволи мусулмононро ислоҳ намояд.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб