Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Муҳаббат ба хотири Аллоҳ

Савол

Эй шайхи азизамон, ман ягон савол надорам, фақат гуфтаниам, ки ман шуморо ба хотири Аллоҳ дӯст медорам ва аз Аллоҳ хоҳонам, ки шуморо дар дунёву охират муваффақ гардонад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Эй бародарам, Аллоҳ таъоло ба хотири амал намудан ба суннат бароятон подоши некӯ бидиҳад.

Миқдом ибни Маъдӣ Кариб ривоят кардааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: «Ҳар гоҳ касе аз шумо бародари худро дӯст дорад, пас инро ба ӯ хабар бидиҳад».   Тирмизӣ ин ҳадисро ривоят карда, гуфтааст: Ҳадиси ҳасану саҳеҳ аст.

Аз Анас ибни Молик (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфт: Дар назди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нишаста будам, ки марде аз он ҷо гузашт. Яке аз ҳозирин гуфт: Эй расулуллоҳ, ман ин мардро дӯст медорам. Паёмбар фармуд: Оё ба ӯ хабар додӣ? Гуфт: На. Паёмбар ба ӯ гуфт: «Бархез ва ба ӯ хабар бидеҳ». Он мард бархост ва ба назди он шахс рафта, гуфт: Эй фалонӣ, савганд ба Аллоҳ, ман туро ба хотири Аллоҳ дӯст медорам. Он шахс дар посух гуфт: Он зоте, ки маро ба хотири Ӯ дӯст доштӣ, туро дӯст дорад.   Ривояти Имом Аҳмад ва Абудовуд ва ин ҳадиси саҳеҳ аст.

Ман ба ту мегӯям: Аллоҳ, ки маро ба хотири Ӯ дӯст доштӣ, туро дӯст дорад.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид