Душанбе 24 Ҷумода-л-уло 1446 - 25 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми табрику таҳнияти мусулмонон ба якдигар ба муносибати соли нави мелодӣ

Савол

Оё барои мусулмонон табрику таҳният ва дуо кардани якдигар ба муносибати соли нави мелодӣ ҷоиз аст? Албатта онҳо ин корро ба хотири таҷлили соли нав намекунанд.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Барои мусулмонон табрику таҳният кардани якдигар ба муносибати соли нави мелодӣ ҷоиз нест. Инчунин барои мусулмонон ҷашн гирифтани он ҷоиз нест, зеро дар ин ду амал тақлиду монандӣ ба кофирон вуҷуд дорад ва мо аз ин кор манъ шудаем.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Касе худро ба қавме монанд созад, пас ӯ аз ҷумлаи онҳост».   Ривояти Абдудовуд (4031). Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу сунани Абидовуд" саҳеҳ донистааст.

Илова бар ин, табрику таҳният намудан ба муносибати рӯзе, ки ҳар сол такрор мешавад, ба маънои таҷлил ва ид қарор додани он рӯз аст, ки ин низ мамнӯъ аст.

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб