Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Тахриҷи ҳадиси «Оё мӯъмин бахил мешавад?».

191543

Таърихи нашр : 03-06-2021

Мушоҳидаҳо : 2175

Савол

Ҳадисе дар "Муваттаъ"-и Имом Молик омадааст, матни он чунин аст: Аз Сафвон ибни Сулайм (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки мегӯяд: Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд: Оё мӯъмин тарсу мешавад? Фармуд: «Бале». Пурсиданд: Оё мӯъмин бахил мешавад? Фармуд: «Бале». Боз пурсиданд: Оё мӯъмин дурӯғгӯй мешавад? Фармуд: «На».

Ин ҳадис то чӣ андоза саҳеҳ аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳадиси мазкурро Молик дар китоби "Муваттаъ" (2/990) (19) аз Сафвон ибни Сулайм ривоят кардааст, ки ӯ мегӯяд: Ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гуфта шуд: Оё мӯъмин тарсу мешавад? Фармуд: «Бале». Ба ӯ гуфта шуд: Оё мӯъмин бахил мешавад? Фармуд: «Бале». Боз ба ӯ гуфта шуд: Оё мӯъмин дурӯғгӯй мешавад? Фармуд: «На».

Байҳақӣ ин ҳадисро дар китоби "Шуабу-л-имон" (6/456) (4472) аз тариқи ӯ ривоят кардааст.

Ин ҳадиси заиф аст, зеро мурсал ё муъзал мебошад, чунки Сафвон ибни Сулайм паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро дарк накардааст. Ӯ аз ҷумлаи тобеъин мебошад. Эҳтимол дорад, ки аз санади ин ҳадис як ривояткунанда ё ду ривояткунандае ба ғайри саҳоба суқут кардааст.

Ибни Абдулбарр дар китоби "Ал-Истизкор" (8/575) гуфтааст: Ман ин ҳадисро бо ягон ваҷҳи собит бо санад ҳифз накардаам.

Ҳофиз Ибни Ҳаҷар дар "Тахриҷу мишкоти-л-масобиҳ" (4/389) гуфтааст: Ин ҳадис муъзал аст.

Албонӣ ин ҳадисро дар заифи "Ат-Тарғибу ва-т-тарҳиб" (1752) заиф донистааст.   

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб