Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Овехтани тамима ва муолиҷаи хобҳои даҳшатангез

20349

Таърихи нашр : 27-06-2020

Мушоҳидаҳо : 2032

Савол

Яке аз дӯстонам вақте, ки хурдсол буд, хобида наметавонист, чун хобҳои даҳшатангез медид. Падараш ӯро ба назди як марди авлиё мебурд. Ин мард барояш гарданбанде аз чизҳое ба монанди сандуқҳои кӯчак омода кард, ки навиштаҷоти муқаддасеро дар бар мегирад.

Оё ин дар ислом ҷоиз аст? Ӯ ҳоло 24 сола аст. Чӣ чизе барояш насиҳат менамоед, ки онро анҷом диҳад, то аз ин хобҳои даҳшатангез раҳоӣ ёбад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Ба назди ғайбгўён ва фолбинон ва афсунгарон рафтан ҷоиз нест. Касе, ки ба назди онон биравад ва аз онҳо чизе бипурсад, аз ӯ намози чиҳил рӯза пазируфта намешавад. Касе, ки онҳоро тасдиқ кунад, ки онҳо ғайбро медонанд, ё зарарро дур мекунанд, ё манфиатро ҷалб менамоянд, кофир аст, чуноне, ки дар ин бора ҳадисҳои саҳеҳ аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омадааст.

Овехтани мӯҳраҳо ва тамимаҳо ҷоиз нест. Дар ҳадиси саҳеҳ барои касе, ки онро анҷом медиҳад, таҳдиди сахт омадааст.

Аз Уқба ибни Омири Ҷуҳанӣ ривоят аст, ки гурӯҳе назди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омаданд. Бо нӯҳ нафари онҳо байъат кард ва бо яке байъат накард. Гуфтанд: Эй расулуллоҳ! Бо нӯҳ нафар байъат кардӣ ва инро тарк намудӣ. Фармуд: Ӯ тамима дорад. Пас ӯ дасташро дохил намуда, онро канд, сипас паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бо ӯ байъат кард ва фармуд: Касе, ки тамимаеро овезад, ба таҳқиқ ширк овардааст.   Ривояти Аҳмад (16969). Шайх Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Ассилсилатус саҳиҳа" (492) саҳеҳ гуфтааст.

Дар ҷавоби саволи рақами (10543) ҳадисҳои ворида дар мавриди тамимаҳоро бо тафсил дарёфт менамоӣ. Дар онҷо ҳукми донишмандон дар мавриди тамимаи овехта шуда аз Қуръон ва дигар тамимаҳо баён шудааст.

Дар онҷо сухани шайх Сулаймон ибни Абдулваҳҳоб зикр шудааст, ки мегуяд:

Ин ихтилофи донишмандон дар мавриди овехтани оятҳои Қуръон ва номҳову сифатони Аллоҳ аст. Дар мавриди чизҳое, ки баъди онҳо пайдо шуд, чӣ фикр дорӣ? Ба монанди руқия ба номҳои шайтонҳо ва дигар чизҳо ва овехтани онҳо, ба онҳо умед бастан, ба онҳо паноҳ бурдан, барои онҳо забҳ намудан, аз онҳо рафъи зарар ва ҷалби хайр пурсидан, ки ин амалҳо ширки маҳз аст, ки аксарияти мардум ба он гирифтор шудаанд, ба ҷуз шахсоне, ки Аллоҳ онҳоро ҳифз кардааст. Поёни сухан.

Шайх Ҳофиз Ҳакамӣ мегӯяд:

Агар он (яъне тамимаҳо) аз ғайри Қуръону ҳадис бошад, балки аз тилисмҳои яҳуд ва бандагони ҳайкалҳову ситораҳову фариштагон ва истифода кунандагони ҷин ва амсоли онон, ё аз мӯҳраҳо ё зеҳи камон ё ҳалқаҳои оҳан ва дигар чизҳо бошад, он ширк аст. Яъне: Овехтани он бе шак ширк аст. Поёни сухан.

Дуввум:

Дар ҷавоби саволи (9577) роҳҳои пешгирӣ аз хобҳои даҳшатангезу нороҳаткунандаро дарёфт карда метавонӣ.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб