Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Дар гузоштани номи "Раҳматуллоҳ" ҳеҷ ҳараҷе нест.

205718

Таърихи нашр : 22-02-2021

Мушоҳидаҳо : 1770

Савол

Номи падарам "Руҳуллоҳ" ва номи ман "Раҳматуллоҳ" мебошад. Оё дар Ислом бо ин номҳо номгузорӣ кардан раво аст, ё мо бояд онро ба номҳои муносиб иваз кунем? Ба ман гуфта шуд, ки тағйир додани он мустаҳаб мебошад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳукми гузоштани номи "Руҳуллоҳ" ва номашрӯъ будани он дар ҷавоби саволи (203851) қаблан баён карда шуд.

Аммо дар мавриди гузоштани номи "Раҳматуллоҳ" ҳеҷ ҳараҷе нест.

Мо ин саволро ба Шайх Абдурраҳмон Ал-Баррок (Аллоҳ таъоло ӯро ҳифз кунад) пешниҳод кардем, ӯ дар ҷавоб гуфт: Иваз кардани номи "Руҳуллоҳ" воҷиб мебошад, аммо иваз намудани номи "Раҳматуллоҳ" воҷиб намебошад, зеро шояд ин раҳмат бошад.

       Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб