Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Тарзи ҳисоб кардани закоти пулҳои нақд

Савол

Ман 10 000 риёл дорам ва як сол (яъне як соли ҳиҷрӣ) бар он гузашт. Миқдори закоти воҷибшуда дар ин маблағ чанд пул аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Миқдори закоти воҷибшуда дар пули нақд рубъи ушр (аз чил як ҳисса)-и он мебошад. Ҳисоби он бо рақамҳо 2,5% ё аз ҳар ҳазор 25 аст.

Тарзи ҳисоб кардани закоти пулҳои нақд чунин аст: Аз ҳар ҳазор риёл 25 риёл закот медиҳӣ. Агар даҳ ҳазор дошта бошӣ, закоташ 250 риёл аст.

Ҳамчунин метавонед маблағи ба нисоб расидаро ба чиҳил тақсим кунед. Пас аз он тақсим, ҳар натиҷае, ки ба даст ояд, ҳамон миқдори закоти воҷиб аст.

Бар асоси ин, агар 10 000 риёлро ба чиҳил тақсим кунед, натиҷаи он 250 риёл мешавад. Ин миқдори закоти он маблағ аст.

Барои маълумоти бештар ба ҷавоби саволи рақами (2795) нигаред.

    Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб