Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё ҳадиси "Касе, ки дар намоз сустӣ ва бепарвоӣ мекунанд, Аллоҳ ӯро бо понздаҳ тариқа азоб муҷозот мекунад" саҳеҳ аст?

20897

Таърихи нашр : 03-10-2020

Мушоҳидаҳо : 4105

Савол

Савол оиди саҳеҳ будани ҳадиси зерин, пеш аз ин ки онро ба дӯстон бифиристам:

Аллоҳ инкоркунанда ё тарккунандаи намозро бо понздаҳ азоб муҷозот мекунад. 6 азоби он дар дунё, 3 дар ҳангоми марг ва 3 дар қабр ва 3 дар рӯзи қиёмат:

Азобҳо дар дунё:

1- Аллоҳ баракатро аз умраш маҳв менамояд.

2- Аллоҳ дуояшро қабул намекунад.

3- Нишонаҳои хайру некӣ аз рӯяш дур мешавад.

4- Тамоми махлуқоти рӯи замин ӯро бад мебинанд.

5- Аллоҳ ба амалҳои неки ӯ аҷр намедиҳад.

6- Аллоҳ дуои мӯъминонро шомили ӯ нахоҳад кард.

Азобҳо дар ҳангоми марг:

1- Дар зиллату хорӣ мемирад.

2- Дар гуруснагӣ мемирад.

3- Дар ташнагӣ мемирад, гарчанде ки ҳама оби баҳрро бинӯшад.

Азобҳо дар қабр:

1- Аллоҳ қабрашро тавре танг мекунад, ки қабурғаҳояш рӯи ҳам қарор мегиранд.

2- Аллоҳ дар қабраш оташи лахчадорро меафрӯзад.

3- Аллоҳ мореро ба сӯяш мефиристад, ки онро Ашшуҷоъу-л-ақраъ (мори наринаи кали бемӯй) гӯянд. Аз вақти намози бомдод шурӯъ карда, то пешин барои тарк кардани намози бомдод ва аз намози пешин то аср барои тарк намудани намози пешин ва ҳоказо ... ба ӯ неш мезанад. Вақте ки як зарба ва неше бизанад, мурда дар замин 70 газ поин меравад.

Азобҳо дар рӯзи қиёмат:

1- Аллоҳ ба сӯи ӯ шахсеро равона мекунад, ки ӯро бар чеҳрааш мекашад.

2- Аллоҳ ба сӯи ӯ бо ғазаб нигоҳ мекунад, ки бо сабаби он гӯшти рӯяш меафтад.

3- Аллоҳ ӯро ба сахтӣ ҳисобу китоб намуда, ӯро ба дӯзах мепартояд.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Ҳадиси "Касе, ки дар намоз сустӣ ва бепарвоӣ кунад, Аллоҳ ӯро бо понздаҳ азоб муҷозот мекунад: Шаштои он дар дунё, сетои он ҳангоми марг, се дар қабр ва сетои он баъд аз бархостан аз қабр ..." ҳадиси бофта ва дурӯғини нисбатдодашуда ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мебошад.

Шайх Ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) оиди ин ҳадис дар маҷаллаи "Ал-Буҳусу-л-исломийя" (22/329) гуфтааст: Аммо ҳадисе, ки муаллифи рисола ба расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нисбат додааст ва дар мавриди азоби тарккунандаи намоз мебошад, ки ӯ ба понздаҳ азоб муҷозот карда мешавад... То охири ҳадис. Ин яке аз ҳадисҳои ботили дурӯғин бар ҳаққи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мебошад, ҳамон тавре ки донишмандон (раҳмати Аллоҳ бар онон бод) ба монанди Ҳофиз Заҳабӣ дар китоби "Лисону-л-мизон" ва Ҳофиз ибни Ҳаҷар ва дигарон онро баён кардаанд.

Инчунин "Кумитаи доимӣ" фатвоеро зери шумораи 8689 оиди ботил будани ин ҳадис содир кардааст. Ҳамон тавре ки дар "Фатово-л-лаҷна" (4/468) омадааст.

Аз ҷумлаи суханони зикршуда дар ин фатво, ки зикри он дар инҷо бамаврид аст, инҳоянд:

Он суханоне, ки аз Аллоҳу расулаш оиди намоз ва азоби тарккунандаи он омадааст, кифоя аст.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

إِنَّ الصَّلَاةَ كَانَتْ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ كِتَابًا مَّوْقُوتًا   النساء / ١٠٣.

{Ҳамоно намоз дар вақтҳои муайяне бар мӯъминон воҷиб шудааст}.   (Сураи Нисо: 103).

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 مَا سَلَكَكُمْ فِي سَقَرَ ، قَالُوا لَمْ نَكُ مِنَ الْمُصَلِّينَ     المدثر ٤٢-٤٣.

{Чӣ чиз шуморо ба дӯзах даровард? (Дар ҷавоб) мегӯянд: Мо аз намозгузорон набудем}.   (Сураи Мудассир: 42-43).

Аз сифатони дӯзахиён тарки намозро зикр намуд...

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Аҳде ки миёни мову онҳост, ин намоз аст, пас касе ки онро тарк кунад, ба таҳқиқ кофир шудааст».   Ривояти Тирмизӣ (2621), Насоӣ (431) ва Ибни Моҷа. Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳу-т-Тирмизӣ" (2113) саҳеҳ донистааст.

Оиди тарки намоз оятҳову ҳадисҳои дигар низ вуҷуд доранд. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ин амалро куфр номидааст.

Лутфан ба саволи (2182) руҷӯъ кунед.

Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: Ин ҳадис бофтаи дурӯғин дар ҳаққи расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мебошад. Нашр намудани он барои ҳеҷ кас ҷоиз нест, магар ин ки мавзуъ ва бофта будани он баён карда шавад, то мардум дар бораи он фаҳмиши дурусте дошта бошанд.

"Фатовои Шайх Усаймин, ки аз ҷониби маркази даъвати шаҳри Унайза нашр шудааст" (1/6).

Аз Аллоҳ таъоло мепурсем, ки туро бар кӯшиш намуданат барои даъват кардани бародаронат ва насиҳат намудани онон савоб бидиҳад. Аммо ҳар касе ки ба мардум хайру некиро баён карда, онҳоро аз бадӣ ҳушдор доданӣ бошад, бояд он мутобиқи ҳадисҳои собитшуда аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бошад. Дар ҳадисҳои саҳеҳ маводи кофӣ вуҷуд доранд, ки мо ба маводи заиф ниёзе надорем.

Аз Аллоҳ хоҳиш менамоем, ки ба саъю кӯшишат муваффақият ато кунад ва касонеро, ки даъват менамоӣ ва тамоми мусулмононро ба роҳи рост ҳидоят кунад.

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб