Душанбе 24 Ҷумода-л-уло 1446 - 25 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҷарроҳии тағйири ҷинс

21277

Таърихи нашр : 02-11-2021

Мушоҳидаҳо : 2247

Савол

Оё барои инсон ҷоиз аст, ки ҷинси худро аз зан ба мард ва ё баръакси он тағйир бидиҳад? Лутфан бо далел аз Қуръону суннат посух бидиҳед.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Барои инсон ҷоиз нест, ки ҷинси худро аз мард ба зан ва ё баръакси он тағйир бидиҳад. Бояд мусулмон ба ончи ки Аллоҳ таъоло барои ӯ муқаррар кардааст, розӣ бошад, зеро ӯро дар мавқеи муносиб қарор додааст. Мард намедонад, ки агар зан мебуд, шояд ин барояш хуб намебуд ва агар зан мард мебуд, шояд ин барояш бад мебуд. Ҳамонтавр баъзе аз бандагони Аллоҳ ҷуз бо камбағалӣ аҳволаш ислоҳ нахоҳад шуд ва агар Аллоҳ ӯро сарватманд гардонад, ин барои ӯ зарар меоварад. Аммо аҳволи баъзеи онон ҷуз бо сарватмандӣ ислоҳ нахоҳад шуд ва агар камбағал шаванд, барояшон зиёнбор хоҳад буд.

Баъзе аз занон орзу мекарданд, ки агар мард мебуданд, дар роҳи Аллоҳ меҷангиданд. Ояти зерин дар наҳйи он нозил шуд:

 وَلاَ تَتَمَنَّوْاْ مَا فَضَّلَ اللهُ بِهِ بَعْضَکُمْ عَلَی بَعْضٍ لِّلرِّجَالِ نَصِیبٌ مِّمَّا اکْتَسَبُواْ وَلِلنِّسَاء نَصِیبٌ مِّمَّا اکْتَسَبْنَ سورة النساء: ٣٢ 

«Он чиро, ки Аллоҳ ба василаи он баъзеи шуморо бар баъзеи дигар бартарӣ додааст, орзу макунед. Мардон аз он чи ба даст овардаанд, баҳрае доранд ва занон низ аз он чи ба даст овардаанд, баҳрае доранд».   (Сураи Нисо: 32).

Агар ин наҳй танҳо барои орзу бошад, пас амалӣ намудани он чигуна бошад? Агар мусулмон аз тағйир додани офариниши Аллоҳ дар баъзе мавридҳои ҷузъӣ манъ шуда бошад, пас тағйир додани ҷинс ба таври куллӣ чигуна бошад?

Шайх Абдулкарим Ал-Хузайр

Тағйири ҷинс бозӣ кардан бо офариниши Аллоҳ таъоло ва пайравӣ аз роҳи шайтон аст, ки барои гумроҳ намудани фарзандони Одам бо ин (яъне тағйири офариниши Аллоҳ) ва дигар василаҳо бо худ аҳд бастааст. Чуноне ки Аллоҳ таъоло оиди ӯ зикр кардааст:

 وَلآمُرَنَّهُمْ فَلَیُغَیِّرُنَّ خَلْقَ اللهِ سورة النساء: ١١٩

«Ва ҳатман ба он фармон медиҳам, то офариниши Аллоҳро тағйир диҳанд».   (Сураи Нисо: 119).

     Аз Аллоҳ таъоло саломату офиятро хоҳонем.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид