Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Бараҳна хобидан

21388

Таърихи нашр : 15-08-2020

Мушоҳидаҳо : 1872

Савол

Оё дар мавриди бе либос хобидан наҳй вуҷуд дорад, ҳатто агар бо ҳамсари худ бошад?

Мулоҳиза: Ман ҳангоми ҷимоъро дар назар надорам. Хоби харрӯзаро дар назар дорам. Аллоҳ бароятон подоши некӯ диҳад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Пӯшидани аврат дар ҳама ҳолатҳо воҷиб мебошад, магар дар ҳолати зарурат, ба монанди ғусл кардан, ё ҷимоъ, ё қазои ҳоҷат ва ғайра. Аммо бе зарурат, (дар ин ҳангом) пӯшидани аврат воҷиб аст.

Зеро Баҳз ибни Ҳаким аз падараш, аз падаркалонаш ривоят кардааст, ки ӯ гуфт:

Эй расулуллоҳ! Аз авратҳоямон чӣ чизеро пӯшонем ва чӣ чизеро намоён кунем? Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Аврати худро ғайр аз ҳамсару канизат аз ҳама бипӯш". Гуфт: Агар мард бо мард бошад чӣ? Фармуд: "Агар тавонистӣ, ки ҳеч кас онро набинад, пас бикун". Гуфт: Агар яке аз мо танҳо бошад чӣ? Фармуд: "Аллоҳ сазовартар аст, ки аз Ӯ бештар ҳаё карда шавад".   Ривояти Тирмизӣ (2769) ва дигарон.

Бино бар ҳадиси гузашта бароят ҷоиз нест, ки бе либосе, ки аврататро мепӯшонад, бихобӣ. Хоҳ ҳамроҳи ҳамсарат хобида бошӣ, ё бе ӯ хобида бошӣ.    

Фақат дар ҳолати зарурат кушодани аврат ҷоиз аст. 

   Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло донотар аст.

Сарчашма: Ба ин савол доктор Аҳмад Ал-Халил ҷавоб додааст.