Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Чопи Қуръон яке аз ҷойҳои харҷи закот нест

21797

Таърихи нашр : 27-01-2024

Мушоҳидаҳо : 639

Савол

Як созмони хайриявӣ Қуръони каримро нашру чоп менамояд ва маънои онро ба забонҳои мухталифу гуногун тарҷума мекунад, оё сарф кардани закот дар ин лоиҳа ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Маънои зоҳири Қуръон далолат мекунад, ки дар ин лоиҳа закот сарф карда намешавад, зеро он аз ҷумлаи масориф (ва мустаҳиққони закот) нест, ки дар ояти зерин зикр шудааст: 

إِنَّمَا الصَّدَقَاتُ لِلْفُقَرَاءِ وَالْمَسَاكِينِ وَالْعَامِلِينَ عَلَيْهَا وَالْمُؤَلَّفَةِ قُلُوبُهُمْ وَفِى الرِّقَابِ وَالْغَارِمِينَ وَفِى سَبِيلِ اللهِ وَابْنِ السَّبِيلِ فَرِيضَةً مِّنَ اللهِ وَاللهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ

سورة التوبة: ٦٠

«Садақаҳо танҳо барои фақирон ва мискинон ва коргузорони ҷамъоварии он ва дилҷӯшудагон ва барои (озод кардани) бандагон ва (пардохти қарзи) қарздорон ва дар роҳи Аллоҳ ва мусофирон (дарроҳмондагон) аст. Фаризаест аз ҷониби Аллоҳ. Ва Аллоҳ донои ҳаким аст».   (Сураи Тавба: 60).

Ҳайати Шӯрои Олии уламо баёнияе содир кардааст, ки тибқи он закот дар ин лоиҳа сарф карда намешавад, ҳамонтавре ки дар боло зикр кардем.

Сарчашма: "Маҷмуъу фатово ва мақолотун мутанаввиъа"-и Шайх Ибни Боз, ҷузъи 14, саҳифаи 300