Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Интифоза (муқовимат)-и халқи Фаластин

21854

Таърихи нашр : 20-11-2023

Мушоҳидаҳо : 688

Савол

Имрӯз мо як падидаи бузурги сиёсиеро аз сар мегузаронем, ки ҷаҳонро такон додааст ва он интифоза ва муқовимати мардуми Фаластин бар зидди яҳудиён аст. Оё сухане барои муроҷиат ба ҷавонони мусалмони Фаластини ишғолшуда доред?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Онҳоро ба тақвои Аллоҳ ва ҳамкорӣ дар корҳои хайр ва истиқомат дар амал тавсия менамоям. Аллоҳ таъоло ба касоне, ки (дини) Ӯро ба ёрӣ мекунанд, ёрӣ мекунад. Аллоҳ таъоло фармудааст:

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِن تَنصُرُواْ ٱللهَ يَنصُرۡكُمۡ وَيُثَبِّتۡ أَقۡدَامَكُمۡ

سورة محمد: ٧

«Эй касоне, ки имон овардаед, агар (дини) Аллоҳро ёрӣ кунед, Ӯ низ шуморо ёрӣ мекунад ва гомҳоятонро (собиту) устувор медорад».   (Сураи Муҳаммад: 7).

Аллоҳ таъоло дар ҷои дигари китоби гиромиқадраш фармудааст:

وَعَدَ اللهُ الَّذِينَ آمَنُوا مِنكُمْ وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَيَسْتَخْلِفَنَّهُمْ فِي الْأَرْضِ كَمَا اسْتَخْلَفَ الَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ وَلَيُمَكِّنَنَّ لَهُمْ دِينَهُمُ الَّذِي ارْتَضَىٰ لَهُمْ وَلَيُبَدِّلَنَّهُم مِّن بَعْدِ خَوْفِهِمْ أَمْنًا يَعْبُدُونَنِي لَا يُشْرِكُونَ بِي شَيْئًا

سورة النور: ٥٥

«Аллоҳ ба касоне аз шумо, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ваъда додааст, ки ҳатман ононро дар замин ҷонишин хоҳад кард, ҳамон гуна ки касонеро, ки пеш аз онҳо буданд, ҷонишин сохт. Ва динашонро, ки барояшон писандида аст, устувор созад ва тарсашонро ба эминӣ табдил кунад. Маро мепарастанд ва чизеро бо Ман шарик намесозанд».   (Сураи Муҳаммад: 7).

Ба ҳамаи бародаронам тавсия медиҳам, ки бо онҳо ҳамкорӣ кунанд ва ба сарватмандону ҳокимон тавсия медиҳам, ки ба бародарони худ дар Фаластин дасти ёрӣ дароз кунанд, ки барои бозпас гирифтани ватан ва пирӯзӣ бар душманон мубориза мебаранд, иншоаллоҳ. Аллоҳ таъоло онҳоро бо ҳақ таъйид намояд ва аз мусулмонон ба онҳо подоши некӯ бидиҳад. Бар онҳо зарур аст, ки сабр кунанд ва (дар муқобили душман) пойдорӣ варзанд, зеро ваъдаи Аллоҳ ҳақ аст ва Аллоҳ ба касоне, ки (дини) Ӯро ёрӣ мекунанд, ёрӣ мекунад. Аллоҳ онҳоро муваффақ гардонад ва бар душманашон пирӯз намояд ва мусулмононро муваффақ гардонад, то ба онҳо ёрӣ намоянд ва дар паҳлӯи онҳо биистанд, то Аллоҳ таъоло онҳоро бар душманашон пирӯз гардонад ва Ӯ беҳтарини ёварон аст.

Сарчашма: "Маҷмуъу фатово"-и Шайх Ибни Боз, ҷилди 1, саҳ 1262