Ҷумъа 26 Ҷумода-л-охира 1446 - 27 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Шумораи писарону духтарони паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)

Савол

 

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) чанд духтар дошт? Ва онҳо аз кадом ҳамсаронаш (Аллоҳ аз онҳо хушнуд бод) мебошанд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) писарону духтарон дошт. Аввалини онҳо Қосим буд, ки бо номи ӯ (Абу-л-қосим) куния карда мешуд. Ӯ дар кӯдакӣ вафот кард ва гуфта шудааст, ки ӯ дар қайди ҳаёт буд, то ин ки ба чаҳорпо савор шуд ва бар рӯи замин роҳ гашт. Пас аз ӯ Зайнаб мебошад. Бархе гуфтаанд, ки ӯ аз Қосим калонтар аст. Сипас Руқайя ва Умми Кулсум ва Фотима мебошанд. Дар мавриди ҳар яки онҳо гуфта шудааст, ки ӯ аз ду хоҳараш калонтар аст. Аз Ибни Аббос ривоят аст, ки (аз байни ин се духтарон) Руқайя калонтарини онҳо мебошад ва Умми Кулсум хурдтарини онҳо мебошад. Сипас Абдуллоҳ ба дунё омад. Оё ӯ баъд аз паёмбарии расулуллоҳ таваллуд шудааст ё пеш аз он, дар ин бора ихтилофе вуҷуд дорад. Бархе аз донишмандон инро дуруст донистаанд, ки ӯ пас аз паёмбарӣ ба дунё омадааст. Оё ӯ Тайиб ва Тоҳир аст ё он ду (Тайибу Тоҳир) фарзандони дигари паёмбар мебошанд, ки дар ин бора ду дидгоҳ вуҷуд дорад. Дидгоҳи дуруст ин аст, ки ин ду ном (яъне Тайибу Тоҳир) лақабҳои ӯ мебошанд. Аллоҳ донотар аст. Ҳамаи ин фарзандон аз Хадиҷа таваллуд шудаанд. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз дигар ҳамсаронаш фарзанде надошт. Сипас Иброҳим дар соли ҳаштуми ҳиҷрӣ аз канизи ӯ Морияи Қибтӣ ба дунё омад.   Китоби "Зоду-л-маод": 1/103.

Писарону духтарони паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳама аз ҳамсараш умму-л-муъминин Хадиҷа (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ба дунё омаданд, ба ҷуз Иброҳим, ки аз канизи ӯ Мория (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) таваллуд шудааст. Мория аз ҷониби Муқавқис, подшоҳи Искандария ва бузурги қибтиҳо ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) тӯҳфа шуда буд. 

Тибқи дурусттарин дидгоҳ, паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳафт фарзанд дошт, се писар ва чаҳор духтар. Писарони ӯ инҳоянд: 

1- Қосим.
2- Абдуллоҳ.
3- Иброҳим.
Духтарони ӯ инҳоянд: 
1- Зайнаб.
2- Руқайя.
3- Умми Кулсум.
4- Фотима.

Ҳамаи фарзандони паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар замони зиндагии ӯ аз дунё рафтанд, ба ҷуз Фотима (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод), ки пас аз ӯ даргузашт.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб